Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори нави модарони амрикоӣ бо фарзандонашон дар Теҳрон


Се амрикоие, ки дар Эрон маҳбусанд, бори дувум бо модарони худ, ки аз Амрико омадаанд, мулоқот карданд. Вакили онҳо, Масъуди Шафеӣ ин хабарро тасдиқ кард, аммо тасилоте надод. Пас аз дидори аввал дар рӯзи панҷшанбе дар яке аз меҳмонсароҳои Теҳрон, Шен Бойер, Сара Шурд ва Ҷош Фаттал аз мақомоти Эрон даъват карданд, ба ҳайси як иқдоми башарӣ онҳоро озод кунанд. Се шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида ҳангоми вуруди иштибоӣ ба қаламрави Эрон аз Ироқ боздошт ва ба ҷосусӣ муттаҳам шуданд.
XS
SM
MD
LG