Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки давлати Бритониё ба ниҳодҳои тиббии Тоҷикистон


Ҳукумати Бритониё тасмим гирифт, ба се ниҳоди Тоҷикистон дар мубориза бо бемориҳои сирояткунанда ва тақвияти низоми беҳдоштӣ дар Тоҷикистон кӯмак кунад. Намояндаи сафорати Бритониё дар Тоҷикистон ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, бо ин мақсад ба Пажӯҳишгоҳи тибби пешгирикунанда, Донишкадаи зоология ва паразитология ва Хадамоти давлатии назорати вогиршиносӣ мадади молӣ ва маънавӣ расонда хоҳад шуд. Ин ниҳодҳо на танҳо ба омӯзиш ва пешгирии уфунҳо дар Тоҷикистон, балки эҳтимоли интиқоли онҳо бо обҳои фаромарзӣ машғул мебошанд ва фаъолияти онҳо аз тарафи ҳукумати Бритониё барои ҳамаи Осиёи марказӣ муҳим шумурда мешавад.
XS
SM
MD
LG