Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимон нахустин ҳуҷайраи сунъии зинда ба вуҷуд оварданд


Олимон дар Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, ба эҷоди нахустин ҳуҷайраи зиндаи сунъӣ бо истифода аз ДНК-и худсохт муваффақ шуданд. Пажӯҳишгарони донишгоҳи Крейг Вентер дар наздикии Вашингтон гуфтанд, онҳо нармафзори генетикии бактерияро дар компютер тарроҳӣ карда, бо модаҳои кимиёӣ онро ба ҳам оварданд ва ба ҳуҷайраи мизбон насб карданд. Ангале, ки ба вуҷуд омадааст, ба ангали табиӣ монанд буда, аз ҷониби ДНК-и сунъӣ идора мешавад. Тарафдорони ин кашфиёт мегӯянд, фанноварии нав метавонад дар оянда барои тавлиди эм ё маводи дигар истифода шуда, дар тоза кардани муҳит ба кор равад. Вале мунаққидон мегӯянд, дар ҳоли ба дасти афроди бемасъулият афтоданаш ин фанноварӣ метавонад, ба силоҳи биологӣ табдил ёбад ва гузашта аз ин халқ кардани аҷсоми сунъӣ ҳанӯз илман дақиқ омӯхта нашудааст.
XS
SM
MD
LG