Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъномаи истифодаи захираҳои об дар Созмони Конфаронси Исломӣ


Вазирони умури хориҷии Созмони конфаронси исломӣ дар поёни ҷаласаи худ дар Душанбе ду қатъномаро ба имзо расонданд, ки ба умдатарин масъалаҳои минтақаи Осиёи Марказӣ пайванд доранд. Яке аз онҳо ба истифодаи имкониятҳои фаромарзии кишварҳои ҳамҷавор дар бозсозии иқтисоди Афғонистон бахшида шуда, дувумӣ мавқеи кишварҳои узвро дар мавриди истифодаи захираҳои об дар ҷаҳони ислом, табодулаи таҷриба ва маълумот иброз медорад. Дар ҷаласаи вазирони Созмони конфаронси исломӣ вакилони 56 кишвари узв, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва минтақаӣ ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG