Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 6 нафар дар инфиҷоре дар Мусайиб


Дар шаҳри Мусайиб, воқеъ дар ҷануби шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ, бар асари инфиҷори мошини ҳомили маводи тарканда 6 нафар кушта ва дасти кам даҳ тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи полиси маҳаллӣ, ҳамлагарон мошинро дар канори як тарабхонаи маъруф гузошта буданд. Масъулияти ҳамлаи террористиро ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG