Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса дар пайи манъи бурқа


Вазорати адлияи Фаронса Қонун дар бораи манъи ҳиҷоби исломӣ ё ниқоб дар маконҳои умумиро ба ҳукумати кишвар пешниҳод хоҳад кард. Баҳси бурқа феълан Аврупоро фаро гирифтааст.

САДУ ПАНҶОҲ ЕВРО ҶАРИМА БАРОИ БУРҚА

Ин тасмим сарфи назар аз ҳушдори коршиносон гирифта шуд, ки мегӯянд, қонуни манъи ҳиҷоби исломӣ чолишҳои ҳуқуқиро ба думбол хоҳад дошт. Ин қонун алайҳи либосест, ки аз он ҳамчунин "ниқоб" ё “бурқа” низ ном мебаранд ва он чеҳра ва бадани занро мепӯшонад. Дар қонун омадааст "ҳеҷ кас ҳақ надорад дар муассисаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва кӯча либосе бипӯшад, ки чеҳраашро пинҳон бидорад".

Ҷонибдорони ин қонун мегӯянд, ниқоб шаъни занон ва шаъни принсипҳои дунявияти Фаронсаро паст мезанад.

Бонуи алҷазоирӣ бо номи Наҷот бештар аз даҳ сол аст, ки ниқоби исломӣ мепӯшад. Ӯ мегӯяд, ин қонуни нави ҳукумат озодиҳои ӯро поймол мекунад: "Вақте ман мешунавам - Фаронса, бародарӣ, баробарӣ - ин ҳам дурӯғи бузург аст. Ман эҳсос мекунам, ки дар ҷомеаи диктаторӣ ба сар мебарам."

Татбиқгарони қонуни нав ба ҳар нафаре, ки онро риоя намекунад, 150 евро ҷарима муайян кардаанд. Ҳар нафаре, ки занро ба пӯшидани ниқоб мутақоид месозад ва ё маҷбур мекунад, ба муддати 1 сол зиндонӣ ва 15 ҳазор евро ҷарима хоҳад шуд.

"ҶАНГИ ФАРОНСА АЛАЙҲИ БУРҚА"

Раисҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ раванди манъи либоси исломии бурқамаобро ҳанӯз як соли пеш шурӯъ кард ва гуфт, Фаронса аз ин гуна либос истиқбол намекунад. Тарҳи қонун, ки аз ҷониби ҳукумати муҳофизакори Саркозӣ ироа шуд, моҳи июл дар палатаи поёнии парлумон ва моҳи сентябр дар Сенати Фаронса баррасӣ хоҳад шуд. Имкон дорад, ки ба ин тарҳ тағйирот ворид шавад.

Ин санад баъди тасвиб аз ҷониби қонунгузорон низ то шаш моҳи дигар ҳукми иҷро намегирад. Шаш моҳ барои шарҳу тафсири он ба мардуми Фаронса ва фурсат додан ба занҳои саркаш ҷудо шудааст.

Ба эҳтимоли қавӣ, ин қонун дар сурати тасвибу татбиқ низ ба чолишҳои ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Мақомоти баландпояи маъмурӣ ин қонунро ду дафъа зери суол бурданд, ки оё мамнӯъияти ниқоб дар маконҳои умумӣ ба қонуни асосӣ муғоир хоҳад буд ё на? Шӯрои давлатии Фаронса ҳушдор додааст, ки роҳи осони татбиқи ин қонун ва гурез аз чолишҳои ҳуқуқиро намебинад.

Сарфи назар аз ин ҳушдорҳо ҳукумати Фаронса дар баробари хатари таҳримоти сохтори дигари давлат - Шӯрои конститутсионӣ қарор мегирад, ки он қонунмандии санадҳоро баррасӣ мекунад.

РЕФЕРЕНДУМ – БУРҚА БОШАД Ё НАБОШАД?

Баъзе аз намояндагони ҳизби ҳоким мегӯянд, дар чунин ҳол баргузории назархоҳии умумӣ ё референдум ногузир хоҳад буд.

Ҳафтаи гузашта Маҷлиси миллии Фаронса қатъномаи маҳкум кардани ниқоб ҳамчун таҳқири арзишҳои давлатиро якдилона тасвиб кард. Ин қатънома ба думболи тавсияи комиссияи порлумонии Фаронса таҳия шуд, ки мегӯяд, занҳои мусалмон набояд дар маконҳои умумӣ, ба шумули бемористон, мактаб ва нақлиёт ниқоб бипӯшанд.

Соли 2004 Фаронса қонуни манъи ҳиҷоб, русарӣ ва дигар рамзҳои мазҳабиро дар макотиби давлатӣ манъ кард.

Бисёр раҳбарони мусалмон аз он шикоят доранд, ки баҳси ниқоб ба мавзӯъи ҳувияти миллии фаронсавиҳо печидааст ва баъзе мусалмонҳоро ба андешае овардааст, ки ҳукумат мазҳабро ҳадаф қарор додааст.

Далил Бобакар, яке аз мақомоти мазҳабии Фаронса, сарвари масҷиди Порис: "Ба назари ман, ин мавзӯъ хеле ҳассос аст ва ҳеҷ асоси ҷиддие вуҷуд надорад, ки онҳоро ба ин гуна маҳдудият ва ё қарори манъ маҷбур карда бошад. Ин гуна манъ ба хатар рӯ ба рӯ хоҳад шуд ё ба чолиш кашида хоҳад шуд."

АВРУПО ЗИДДИ НИҚОБ?

Фаронса панҷ миллион аҳолии мусалмон дорад. Ба маълумоти Вазорати дохилии ин кишвар, аз ин теъдод наздик ба 2 ҳазор зан либоси исломӣ, асосан ниқоб мепӯшанд, ки чеҳраашонро мепӯшонад. Бархе ҳам бурқа мепӯшидаанд, ки чашмҳояшонро низ мепӯшонад.

Дар баробари Белгия қонунгузорҳо пӯшидани ниқобро дар Ҳолланд, Австрия ва Дания низ мамнӯъ эълон кардаанд.

Дар аввалҳои моҳи ҷорӣ Силвана Коч Меҳрин, узви порлумони Иттиҳоди Аврупо, ба манъи саросарии ниқоб дар саросари Аврупо даъват кард ва гуфт, пӯшида будани занҳо пуштибонии ошкоро аз арзишҳоест, ки Аврупо аз он ҷонибдорӣ намекунад.
XS
SM
MD
LG