Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ба пойгоҳи ҳавоии Багром ҳамла карданд


Нируҳои НАТО дар Афғонистон мегӯянд, ҳангоме, ки шӯришиён ба пойгоҳи ҳавоии Багром ҳамла бурданд, дастикам 7 нафар шӯришӣ кушта шуд. Дар задухӯрд бо онҳо 5 низомии хориҷӣ низ захмӣ шудаанд. Ин ҳамла ба пойгоҳи ҳавоии Багром дар ҳоле сурат гирифтааст, ки як рӯзи пеш дар Кобул дар як ҳамлаи интиҳорӣ ба корвони мошинҳои НАТО 12 нафар шаҳрвандони ғайринизомии Афғонистон ва 6 нафар сарбозони хориҷӣ кушта шуданд. 5-нафари онҳо амрикоӣ ва як нафар конодоӣ буданд. Толибон масъулияти ҳамлаи Кобул ва ҳамла ба Багромро бар ӯҳда гирифтаанд. Сухангӯи Толибон идао мекунад, ки дар ҳамла ба Багром 20 шӯришӣ ширкат доштаанд.
XS
SM
MD
LG