Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як миллиону сесаду панҷоҳ ҳазор Қуръон барои Тоҷикистон


Муҳаммад Бодаҳда, дабири кулли Созмони ҷавонони мусулмон, мақараш дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ, гуфт, созмонаш дар нашри 1 миллиону 350 ҷилд китоби Қуръони Шариф барои мардуми Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Дабири кулли Созмони ҷавонони мусулмон баъди мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, аз иқдоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди ба китоби муқаддаси дини Ислом таъмин кардани ҳар хонаводаи мусулмони тоҷик пуштибонӣ кардааст ва ба ин мазур, Созмони ҷавонони мусулмон дар нашри ин миқдор китоб саҳм хоҳад гирифт.
Ин китоб бо ду забони арабӣ ва тоҷикӣ ва ду хатти кирилӣ ва форсӣ нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG