Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳилаи дуввуми ваксинзанӣ дар Тоҷикистон шурӯъ шуд


Имрӯз дар Тоҷикистон марҳалаи дуввуми ваксинзанӣ барои ҷилавгирӣ аз бемории фалаҷи кӯдак ё полиомелит шурӯъ шуд ва тақрибан як ҳафта давом мекунад. Бино ба хабари вазорати тандурустии Тоҷикистон, намояндагии ЮНИСЕФ ва Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон, дар марҳалаи аввал беш аз 1 миллион кӯдак ваксин гирифтаанд. Марҳалаи дуввуми ваксинзанӣ аз 1-ӯм то 5-ӯми июн давом мекунад. Дар давраи ваксинзанӣ ба даҳони ҳамаи кӯдакони то синни 6-сола як қатра ваксин чаконида мешавад.
XS
SM
MD
LG