Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Юнон барои пардохти қарз боз қарз гирифт

Имрӯз Юнон аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо 14,5 миллиард евро воми фаврӣ дарёфт кард. Ин дар ҳолест, ки зарбулаҷали пардохти 9 миллиард евро воми Юнон пагоҳ ба поён мерасад. 14,5 миллиард евро аз ҳисоби воми наҷоти 110 миллиард евроии Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмиллалии Пул аст, то Юнон аз бӯҳрони вом раҳо ёбад. Ҳафтаи гузашта Юнон аз Сандуқи Байналмиллалии Пул низ 5,5 миллиард евро қарз гирифт.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Мақомот мегӯянд, хонаи як тоҷикро дар марз бо Қирғизистон оташ задаанд

Акси хонаи сӯхтае, ки сухангӯи ҳукумати ноҳияи Исфара дар саҳифааш дар Фейсбук гузоштааст.

Гуруҳе аз сокинони як деҳаи сарҳадии ноҳияи Исфара мегӯянд, ки афроди ношинос аз тарафи Қирғизистон гузашта, як хонаеро дар деҳаи онҳо оташ задаанд. Марзбонони қирғиз ин иддаоро беасос хонда, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чунин ҳодисаеро сабт накардаанд. Шавкат Қаюмов, раиси маҳаллаи Лангари Хайробод дар ҷамоати Чоркуҳ рӯзи 15-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса шаби 14-уми май сурат гирифтааст ва дар натиҷа хонаи Баҳром Ғафуров, сокини деҳа сӯхта ва чаҳор утоқи он нобуд шудааст.

Айни замон ба гуфтаи ӯ, афроди номаълум садҳо навниҳол дар мавзеи Сиёҳкуҳро аз реша кандаанд. Ҳангоми ҳодиса касе дар хона набудааст ва ҳеч касе осеб надидааст. Дар Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар Бишкек ва раёсати он дар вилояти Ботканд дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чунин хабаре дар онҳо нест ва “ингуна ҳодиса дар марзро сабт накардаанд.“

Зубайдулло Шомадов сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара бо нашри акс ва видеои хонаи сӯхта ва навниҳолҳо канда дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст: “Соати тақрибан 20: 10 дақиқаи 14-уми май манзили зисти Баҳром Ғафуров сокини маҳаллаи Лангари Хайробод оташ зада шуд, ки дар натиҷа чаҳор утоқи ин манзил нобуд шудааст”. Ӯ навиштааст, ки ин хона 100 метр дуртар аз минтақаи баҳсбарангези сарҳад қарор дорад.

Шавкат Қаюмов гуфт, ҳукумати шаҳри Исфара ваъда додааст, ки хонаи Баҳром Ғафуровро барқарор мекунад ва ҳамдеҳагон низ бо ҳашар дар таъмири хона кумак мерасонанд.

Пас аз муноқишаи охир моҳи апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон чунин ҳодиса то кунун сабт нашуда буд. Дар ин муноқиша, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рух дод, аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд. Ба иттилои мақомоти қирғиз, дар Бодканд, 78 хона сӯхт, 189 кас маҷруҳ шуд ва 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтаанд. 15 ҳазор нафар ба ҷойи амн куч дода шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон расман аз кушта шудани 19 нафар ва захмӣ шудани 87 нафар дар ин муноқишаи марзӣ хабар дод. Ҳамчунин ба иттилои Тоҷикистон дар ин даргириҳо 20 хонаи тоҷикон вайрон шудааст.

Як узви собиқи Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро озод карданд

Бобоҳидо Ҳайдаров соли 2005 боздошт ва соли 2006 ба зиндон маҳкум шуд.

Бобоҳидо Ҳайдаров, яке аз аъзои собиқи Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон пас аз адои ҳукмаш аз зиндон раҳо шудааст. Чанде аз ҳамдеҳагонаш рӯзи 15-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Бобоҳидо Ҳайдаров, рӯзи 13-уми май ва баъди сипарӣ кардани 6 сол дар паси панҷара озод шудааст.

Ӯ то соли 2015 раиси шӯъбаи Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҷамоати Чоркуҳ ва муовини раиси шуъбаи ҳизб дар ноҳияи Исфара буд. Ҳамдеҳагонаш видеоеро ба Радиои Озодӣ фиристоданд, ки қадам задани Бобоҳидо Ҳайдаровро дар зодгоҳаш нишон медиҳад. Ин узви 71-солаи Ҳизби наҳзатро 22-уми сентябри соли 2015 дастгир карда ва соли 2016 бо гуноҳи ифротгароӣ ва ва таъсиси созмони ифротгаро ба 6 соли зиндон маҳкум карданд.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2015 Ҳизби наҳзати исломиро, ки як ҳизби умдаи мухолифи давлат буд, ба тарҳрезии ошӯби нофарҷом ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифои Тоҷикистон муттаҳам карданд.

Баъди ин Додгоҳи олӣ ҳизбро ифротгаро эълон кард ва амр дод, фаъолияташро қатъ кунанд. Садҳо нафар аз аъзои ҳизб ҳам дастгир ва даҳҳо нафар ба зиндон маҳкум шуданд. Худи онҳо иттиҳоми даст доштан дар ошӯбро бепояву асос хонда рад кардаанд.

WHO аз кишварҳои сарватманд хост, қисме аз ваксинаҳояшонро хайр кунанд

Тедрос Адҳаном Гебрейесус, мудири Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар нишасте дар рӯзи 5-уми май.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар муроҷиате ба кишварҳои сарватманд хост, барномаҳояшон барои ваксинзании кӯдаконро бознигарӣ карда ва ваксинаҳоро барои кишварҳои камбизоат хайр кунанд.

Раиси ин созмон Тедрос Адҳаном Гебрейесус рӯзи 14-уми май дар як нишасти онлайнӣ дар шаҳри Женева гуфт, мефаҳмад, ки чаро баъзе аз кишварҳо мехоҳанд, кӯдакону навҷавононро ба зидди бемории COVID-19 ваксина зананд ва афзуд, “вале ҳоло ман аз онҳо мехоҳам, ки ваксинаҳоро ба барномаи COVAX” хайр кунанд. Ин барномаи ҷаҳониест, ки бар асоси он бояд ба кишварҳои камбизоат ваксина ба зидди беморӣ тақсим карда шавад.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ умедвор аст, кишварҳои дигар низ ба Фаронса ва Шветсия пайравӣ мекунанд, ки баъди ваксинзании қишрҳои осебпазири худ, ваксинаҳоро ба барномаи COVAX доданд.

Канада ва Амрико аз он кишварҳое ҳастанд, ки дастур додаанд, навҷавон ҳам ваксина бигиранд. Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд рӯзи 14-уми май аз густариши босуръати вирус дар кишвараш изҳори нигаронӣ кард, ки инҷо 24 миллион нафар гирифтори СОVID-19 шудаанд ва се рӯз боз аз ин беморӣ 4 ҳазор нафарӣ мефавтанд.

Шарики Хоманаӣ довталаби курсии раиси ҷумҳури Эрон шуд

Иброҳим Раисӣ, раиси Қувваи Қазоия ва ё вазорати адлияи Эрон.

Яке аз руҳониёни тундрави Эрон, ки бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии ин кишвар иртиботи наздик дорад, эълон кард, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат мекунад.

Иброҳим Раисӣ, Қувваи қазоия (вазорати адлияи Эрон) дар ин бора рӯзи 15-уми май ва се рӯз пеш аз хатми муҳлати сабти номи довталабони курсии раиси ҷумҳур хабар дод.

Шӯрои Нигаҳбон, яке аз ниҳодҳои олии дигари кишвар рӯзи 27-уми май номи онҳоеро эълон мекунад, ки ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур сабт шудаанд. Дар миёни дигар довталабон Алӣ Лориҷонӣ, яке аз чеҳраҳои бонуфузи муҳофизакорон дар Эрон ва раиси собиқи порлумон низ ҳаст. Ӯ баъдан аз шарикони Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури феълии Эрон шуд, ки дигар ҳаққи ширкат дар интихобот надорад.

Муҳсин Ҳошими Рафсанҷонӣ, писари калонии Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ, раиси ҷумҳури собиқи Эрон низ рӯзи 15-уми май худро ба ҳайси довталаби курсии президент сабти ном кард. Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқи Эрон рӯзи 12-уми май номашро дар феҳрасти довталабон сабт кард. Интихоботи президентӣ дар Эрон моҳи июни имсол баргузор мешавад.

Ҳавошиносони тоҷик аз мардум хостанд, эҳтиёткор бошанд

Сел чанд рӯз пеш Кӯлобро ба ин аҳвол гирифтор кард.

Ҳавошиносони тоҷик ба мардум ҳушдор додаанд, ки ду рӯзи оянда ба шикору моҳидорӣ ва ҷамъоварии ҳезуму занбурӯғ нараванд, зеро хатари селу сангрезӣ вуҷуд дорад.

Идораи обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 14-уми май бо нашри як баёняи арсмӣ гуфтааст, ки мумкин аст, дар ду рӯзи оянда бинобар идомаи боронҳо сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қизилсу, Ёхсу, Вахш (Сурхоб) ва Обинхингоб, Зарафшон, ки дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии водии Ҳисор, вилояти Хатлон ва вилояти Суғд ҷойгиранд, равад.

Ба гуфтаи идора, дар ин рӯзҳо эҳтимоли зери об мондани соҳилҳо, кандани саддҳо ва вайрон гаштани пулҳо зиёд мешавад. Ҳавошиносон ҳамчунин ба ронандагон тавсия додаанд, ки ҳаракати шабона дар роҳҳои куҳистониро камтар кунанд. Дар Тоҷикистон моҳи май бинобар боло рафтани ҳарорат ва боронгарӣ, селу обхезӣ ва ярч зиёд рух медиҳад ва даҳҳо нафар низ дар ин фалокатҳо кушта мешаванд.

Нерӯҳои Исроил ҳамлаҳо ба Ғаззаро зиёдтар кардаанд

Ҷанг рӯзи 10-уми май оғоз шуд.

Неруҳои Исроил рӯзи 15-уми май ҳамлаҳо ба Ғаззаро зиёдтар карданд ва баъди онки хушунат дар Канораи Ғарби Рӯди Урдун ва дар марз бо Лубнон авҷ гирифт.

Дар дохили Исроил даъвову кашмакаш байни арабҳову исроилиён зиёдтар шуд. Ҳавопаймоҳои Исроил дар ин рӯз ба Ғазза зарбаҳои бештар заданд ва созмони Ҳамос бо мушакандозӣ ба шаҳрҳои Исроил посух дод. Рӯзи панҷум аст, ки ҷанг байни ду тараф идома дорад.

Табибони фаластинӣ мегӯянд, ки дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавоӣ дар шимоли Ғазза 7 нафар кушта шуданд, чанд каси дигар дар маҳаллаҳои дигар ҷон додаанд. Дар ду шаҳри Исроил бонги хатар заданд ва мардумро аз омадани мушакҳои Ҳамос огаҳ карданд.

Фаластиниён мегӯянд, дар натиҷаи даргириҳои байни тазоҳургарон ва маъмурони амниятии Исроил дар рӯзи 14-уми май ва дар Канораи Ғарби Рӯди Урдун 11 кас кушта шуданд. Вазорати тандурустии фаластиниён гуфт, ки панҷоҳ нафари дигар аз тирҳои резинӣ ва дигар тирҳои неруҳои Исроил захм бардоштаанд.

Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, аз замони оғози ҷанг дар рӯзи 10-уми май дар Ғазза 132 нафар, аз ҷумла 32 кӯдак ва 21 зан кушта шудаанд ва 950 тани дигар захм бардоштаанд. Дар Исроил 8 нафар ҷон додааст. Дар дохили Исроил дар шаҳри Лод, ки арабу исроилиҳо якҷо зиндагӣ мекунанд, байни ду мардум ҷангу даъво бархост ва дар шаҳр қуюди шабгардӣ эълон карданд.

Дар марзи Исроил ва Лубнон гуруҳе аз тазоҳургарони лубнонӣ ва фаластинӣ барои муддате вориди қаламрави Исроил шуданд, вале неруҳои амниятӣ онҳоро ақиб гардонданд.

Ба дафтари РАО/РО дар Маскав судиҷрочиён омаданд

14-уми май, дафтари Радио Свобода дар Маскав

Намояндагони Сархадамоти судиҷрочиёни шаҳри Маскав рӯзи 14-уми май ба дафтари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ омада қарореро супурданд, ки дар он дар бораи иҷрои қарорҳои судӣ дар нисбати ин муассиса навишта шудааст. Судиҷрочиён тахминан ду соат дар дафтари Радио Свобода – бахши русии Радиои Озодӣ буданд ва дар бораи феҳристи дастгоҳҳои ин идора суолҳо доданд. Ба кори журналистон халал нарасониданд, бахше аз вақташон эҳтимолан бо сӯҳбатҳои телефонӣ бо раҳбарияташон гузашт.

Моҳҳои январ то маи соли 2021 Роскомнадзор ба додгоҳ 520 протоколро дар бораи аз ҷониби тарҳҳои мухталифи РАО/РО нақз шудани қоидаҳо дар заминаи ба ҳайси “агенти хориҷӣ” сабт шудани маҳсулоти тавлидшудаи онҳоро ирсол кард. РАО/РО, ки то ҳол ҳама талаботи қонунгузории Русияро иҷро кардааст, аз иҷрои ин талабот худдорӣ кард ва гуфт, ки ин кори мақомот талоши мудохила ба сиёсати таҳририя мебошад. Ҳаҷми умумии ҷаримаҳои бар асоси қарорҳои додгоҳ содиршуда 70 миллион рублро ташкил медиҳад. РАО/РО бо ин қарорҳо розӣ нест ва аз болои онҳо ба додгоҳҳои зинаҳои болоӣ шикоят бурд, вале то ҳол ҳеҷ як аз 250 аризаи бозбинии ҳукми додгоҳ қонеъ нашудааст. РАО/РО ният дорад, ки ин ҳама қарорҳоро барои баррасӣ ва бозбинӣ дар ихтиёри Додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи башар гузорад.

Санадҳои ба дасти РАО/РО овардашуда иҷрои 10 қарори судиро дар назар мегирад. Мӯҳлати думоҳаи пардохти ҷарима аз рӯи ин қарорҳо ба охир расидааст. Ҳамаи ин қарорҳо дар як парванда муттаҳид шуда, дар маҷмӯъ пардохти 5 миллион рублро пешбинӣ мекунанд.

Рӯзи 13-уми май ТАСС хабаре нашр кард, ки мегӯяд, додгоҳи Тверскои шаҳри Маскав 140 қарор дар бораи пардохти ҷаримаро дар нисбати ин расона бекор кардааст. РАО/РО тавзеҳ медиҳад, ки миёнаҳои моҳи апрели соли 2021 маълум шуд, ки Роскомнадзод ва додрас ба вайрон кардани ҷараёни просессуалии баррасии 158 парванда роҳ додаанд, ки ба кори худи ин расона ва ҳам раҳбари кулли он рабт мегирад. 147 парванда ба баррасии дубора ирсол шуданд, дар ҳоле, ки аз рӯи аксари онҳо пардохти ҷарима талаб шудааст. Бо сабаби анҷоми мӯҳлати ҷавобгарӣ бар асоси 10 протокол ҷаримаҳо бекор шудааст.

Президенти РАО/РО Ҷейми Флай ба изҳороти ахири сухангӯи ВКХ Русия Мария Захарова ишора кард, ки гуфтааст, талоши мақомот барои водор кардани ҷониби ҷавобгар ба иҷрои қонунҳо бар асоси иттиҳоми “агенти хориҷӣ” шаҳодати “гуногунандешӣ дар ҷомеаи воқеан озод” мебошад. Флай гуфт, “РАО/РО ба мухотабонаш хабарҳои воқеъбинона ва ботавозун пешкаш мекунад, то ки шаҳрвандони Русия, тавре як журналисти мо гуфтааст, “ба дурӯғ одат ва дар фазои дурӯғ зиндагӣ накунанд”. Флай гуфт, “муқовимати мо ба талошҳои Кремлин дар амри сензура кардани ҳақиқати барои мақомоти Русия нофорам идома хоҳад ёфт”.

Рамазон Қодиров аз Ҳабиб Нурмагомедов даъват кард, ки бо як узви клуби "Аҳмад" қувваозмоӣ кунад

Рамазон Қодиров ва Ҳабиб Нурмагомедов. Акс аз бойгонӣ

Раҳбари Чеченистон эълон кард, ки омода аст ба Ҳабиб Нурмагомедов барои рақобаташ бо намояндаи клуби муштзании ба номи «Аҳмад», ба гуфтааш, «ҳар қадар пул бихоҳад, пардохт кунад». Рамазон Қодиров дар ин бора дар cаҳифаи Инстаграми худ як изҳорот додааст, ки хабарашро вебсайти Кавказ.Реалии нашр кард. Қодиров гуфт, Ҳабиб Нурмагомедов қаҳрамони UFC дар вазни сабук буда, гӯё «ҳеҷ гоҳ аз номи Доғистон ё Русия баромад накардааст». Рамазон Қодиров гуфт, «ӯ дар UFC ҳамаро шикаст дод, вале оё размандаи бошгоҳи «Аҳмад»-ро шикаст дода метавонад? Ин савол аст».

Вокуниши Ҳабиб Нурмагомедов ба чунин як даъват ҳанӯз маълум нест.

Ҳабиб Нурмагомедов дар Тоҷикистон низ ҳаводрони зиёд дорад. Моҳи октябри соли гузашта ӯ Ҷастин Гейҷи амрикоиро мағлуб карда, бори сеюм камарбанди қаҳрамони UFC-ро дар вазни сабук ҳифз намуд ва расман ба карерааш хотима бахшид.

Роскосмос гуфт, дар кайҳон бо ширкати ҳунарпешаҳои касбӣ филми бадеӣ наворбардорӣ мешавад

Юлия Пересилд, ҳунарпешаи маъруфи синамои Русия

Оҷонсии кайҳони Русия гуфт, ки як ҳунарпешаи зан ва як коргардони маъруфи рус барои нақшофарӣ дар филме дар кайҳон интихоб шудаанд. Роскосмос рӯзи 13-уми май хабар дод, ки Юлия Пересилд ва Клим Шипенко рӯзи 5-уми октябр савори киштии кайҳонии «Союз МС-19» аз пойгоҳи Байконури Қазоқистон ба самти Истгоҳи ҳавоии байналмилалӣ парвоз мекунад. Қарор аст тамрини ҳунармандон на дертар аз 1-уми июн шурӯъ шавад ва дар доираи ин машқҳо ҳунарпешаҳо дар дохили сентрифугаҳо чарх мезананду бо чатрҳо аз баландии ҳавопаймо парвозҳо анҷом медиҳанд.

Клим Шипенко
Клим Шипенко

Филм бо исми пешакии “Чолиш” (“Вызов”) муаррифӣ шуда, дар бораи як амалиёте дар мадор ва бозгашти билофосилаи тими кайҳоннавардон ба Замин қисса мекунад. Ҷараёни омодагиҳо ва наворгирии филм дар як филми ҳуҷҷатии ҷудогонае аз ҷониби шабакаи аввали телевизион ва Роскосмос тақдим мешавад. Муаллифони ин тарҳ мегӯянд, ки умедворанд ин филм барои боло бурдани таваҷҷӯҳ ва муҳаббати мардум ба улуми кайҳонӣ мусоидат мекунад. Юлия Пересилд 36 сол дошта, дар чандин филмҳои маъруфи солҳои охир нақш бозидааст. Шипенко 37-сола буда, чандин ҷоизаҳои касбӣ гирифтааст ва дар мавзӯи кайҳон филми “Салют-7”-ро ҳам бардоштааст.

Хабари Роскосмос дар ҳоле нашр шуд, ки соли гузашта оҷонсии NASA-и Амрико гуфт, ки ният дорад дар фосилаи 350 км аз Замин бо ширкати ситораи Ҳолливуд Том Круз як филм дар бораи кайҳон наворбардорӣ кунад. Маълум нест, ки таҳияи филми амрикоиҳо кай сурат мегирад.

Қоҳир Расулзода барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба Узбекистон рафт

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон субҳи 14-уми май барои ширкат дар ҷаласаи 8-уми байниҳукуматии комиссиюни ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии миёни Тоҷикистон ва Узбекистон вориди Тошканд шуд. Хабаргузориҳои расмии Узбекистон навиштанд, ки ин ҷаласа рӯзҳои 14 ва 15-уми май баргузор мешавад. Расулзода дар садри як ҳайати намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ба Узбекистон сафар кардааст. Ҳанӯз матбуоти расмии Тоҷикистон дар ин замина хабаре нашр накардааст.

Дар чаҳорчӯби ин сафар, ба навиштаи https://www.uza.uz/, ошноӣ бо кори чандин корхонаҳои саноатии Узбекистон дар назар гирифта шудааст. Интизор меравад, ки дар поёни кори ҷаласаи комиссиюни ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии миёни Тоҷикистон ва Узбекистон созишномаҳои дуҷониба имзо мешаванд. Ҷузъиёти ин санадҳо ошкор намешавад.

Баъди сари кор омадани президент Шавкат Мирзиёев, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии миёни ду ҳамсоя вусъат ёфт.

Бар асоси созишномаҳои дутарафа, Тошканду Душанбе шарикони стратегӣ ҳастанд. Соли 2019 мақомот гузориш доданд, ки дар қиёс бо соли 2014, табодули молу коло миёни Тоҷикистону Узбекистон якбора боло рафта, аз 13 миллион доллари соли 2014 ба 362 миллион доллар дар соли 2019 баробар шуд. Ба навиштаи “Азия-Плюс”, бо сабаби пандемияву баста будани марзҳо, ин нишондод 7,8 дарсад коҳиш ёфт. Ба навиштаи манбаъ, ҳоло дар Тоҷикистон 51 ширкат бо сармояи узбекӣ ва дар Узбекистон 178 корхона бо ширкати сармояҳои тоҷикӣ кор мекунанд.

Эҳтимоли бар асари раъду барқи пуршиддат кушта шудани 18 фил дар Ҳинд. ВИДЕО

Тӯдаи филҳо дар ҷангалҳои аёлати Ассам. Акс аз соли 2014

Дар паи раъду барқи шадиди 13-уми май дар ҷангалҳои Ҳинд ҷасади 18 фил ошкор шуд. Тахмини асосӣ ин аст, ки ин ҷонварони бузургҷусса қурбони раъду барқи зиёд шудаанд.

Фоҷеа дар аёлати Ассам рух дод. Сокинони як деҳа дар рӯи ду баландӣ ҷасадҳои хобидаи филҳои хурду бузургро пайдо карданд. Дар вазорати хоҷагии ҷангали аёлат гуфтанд, ки Ассам то ҳол шоҳиди чунин як ҳолати фавқулодда нашудааст. Мақомот гуфтанд, ки ин ҳодиса таҳқиқ мешавад ва дар наздиктарин фурсат ба хотири мушаххас кардани сабаби воқеии марги филҳо колбадшикофӣ анҷом дода хоҳад шуд.

Дар Ҳинд тахминан 27 ҳазор филҳои навъи осиёӣ сабт шудааст ва чоряки онҳо дар ҷангалҳои аёлати Ассам ба сар мебаранд. Солҳои охир бо сабаби кам шудани ҷангалҳо, куштори ғайриқонунӣ ё ҷиноии филҳо ва ҳам дуруст иҷро нашудани қоидаҳои нигаҳдории ҷангал саршумори филҳо ҳам кам мешавад.

Марги филҳои ҳиндӣ баъди борону барқ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:59 0:00

Навраси тоҷик корнамоии Ҳоҷимуродро такрор карду худ қурбон шуд

Ҳоҷимурод Қаландаров, донишҷӯи Донишгоҳи кишоварзии Бошқирдистон ҳангоми наҷоти кӯдакон дар дарёи Белая дар шаҳри Уфа ба об рафт. Ҷасади ӯро баъди чанд рӯз бо ёрии мақомоти русу тоҷик ба ватан интиқол доданд ва ӯ дар зодгоҳаш шаҳраки Ганҷободи ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурда шуд

Дар пайи ғарқ шудани як навраси 15-солаи зодаи Тоҷикистон дар дарёи Неваи вилояти Ленинград, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҷасади ин наврас, ки исмаш нашр намешавад, пайдо нашудааст. Матбуоти русӣ навишт, ки ноболиғи тоҷик рӯзи 12-уми май, замоне, ки хост як хонандаи синфи 6-уми ба об афтодаро наҷот диҳад, худро ба об андохт. Мактаббача наҷот ёфт, вале навраси тоҷик ба соҳил баромада натавонист. Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ то ба ҳол натиҷа надодааст. Тафтишот маълум намудааст, ки писарбачаи ғарқшуда дар ҷое таҳсил намекард ва ҳамроҳи падару модар ва як бародару хоҳараш дар Русия зиндагӣ дошт.

Як чунин ҳодиса соли 2020 ҳам дар Бошқирдистон рух дод. Донишҷӯи тоҷики як донишгоҳи шаҳри Уфа Ҳоҷимурод Қаландаров рӯзи 7-уми июн ду кӯдакро ҳамроҳ бо як дӯсташ дар дарёи Белая аз ғарқшавӣ наҷот дод, вале худаш аз об берун шуда натавонист. Мақомоти Русия ва Тоҷикистон амали ҷавони тоҷикро қаҳрамонӣ тавсиф карданд ва гуфтанд, ки ба таври истисноӣ тариқи мошини махсус ҷасади ӯро барои хоксупорӣ ба ватан мефиристанд.

Исроил ҳамлаҳои тӯпхонаӣ ва ҳавоиро ба Ғазза идома дод

Фаластиниҳо ба боқимондаҳои як манора нигоҳ мекунанд, ки баъди ҳамлаҳои исроилиҳо хароб шудааст. 13-уми май, Ғазза

Рӯзи 14-уми май Исроил амалиёти заминиро дар Ғазза хотима дод, вале ҳамлаҳои тӯпхонаӣ ва мушакӣ дар ҷавоб ба мушакандозиҳо аз дохили эксклав идома ёфт. Исроил гуфт, ки нирӯҳояшро дар сарҳад ҷой кардааст. Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоиву заминӣ дар Ғазза, ки ба хушунат печид, дастикам 100 нафар, аз ҷумла кӯдакон дар ҷониби фаластинӣ ва ҳафт нафар дар Исроил кушта шуданд. Артиши Исроил дар Twitter навишт, ки ҳамлаҳои тӯпхонаӣ ва мушакӣ бахше аз амалиёти идомаёбандаи зидди Ҳамос мебошад, вале каме дертар тавзеҳ дод, ки нирӯҳояш ба Ғазза ворид нашудаанд.

Феълан нишонаҳое аз хатми хушунатҳо ба назар намерасад. Исроил шоҳиди беназмиҳое шуд, ки дар он ҳам яҳудиҳо ва ҳам арабҳо шадидан латукӯб шуданд. Вазири дифои Исроил Бенни Гантс ба хотири пахши беназмиҳои дохилӣ нирӯҳои зиёдро сафарбар кард. Рӯзи 16-уми май Шӯрои амнияти СММ дар ҷаласае низои ахирро матраҳ мекунад. Миёнҷиҳои мисрӣ ба хотири оташбас ба Исроил рафтаанд.

Раҳим Азимов, вакили Думаи Русия дар як садама ҷон ба саломат бурд

Раҳим Азимов танҳо тоҷик аст, ки узви Думаи давлатии Русия мебошад

Хабаргузории РБК гуфт, вакили Думаи давлатии Русия Раҳим Азимов, ки зодаи Тоҷикистон буда шаҳрванди Русия мебошад, дар як садама ҷон ба саломат бурд. Садама дирӯз дар хиёбони Кутузовскии Маскав ба амал омад. Худи Раҳим Азимов ба хабаргузорӣ гуфтааст, ки бо мошинаш ба як мошини дигар бархӯрду чаппа шуд. Вакили Дума ба ронандаи мошини чаппашуда, ки дар беморхона бистарӣ шудааст, пешниҳоди кӯмак намуд.

Раҳим Азимов аз соли 2016 аз ҳавзаи якмандатаии Киров аз номи ҳизби ҳокими “Единая Россия” вакили Думаи давлатӣ интихоб шуда, узви Кумитаи амният ва мубориза бо коррупсияи парлумон аст. Ӯ доктори илмҳои техникӣ ва ягона зодаи Тоҷикистон мебошад, ки вакили маҷлиси поёнии парлумони Русия интихоб шудааст.

Путин таълими забони русиро дар Тоҷикистон "нокофӣ" хондааст

Акс аз бойгонӣ.

Раиси ҷумҳури Русия таълими забони русиро дар Тоҷикистон нокофӣ хондааст. Ба иттилои расонаҳои расмии ин кишвар, Владимир Путин рӯзи 13-уми май дар ҷаласае гуфтааст, "омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон бояд тақвият дода шавад".

Забони русӣ дар Тоҷикистон айни замон мувофиқи қонун мақоми давлатӣ надорад ва танҳо забони муоширати байни миллатҳо эътироф шудааст.

Путин гуфтааст, ин масъаларо бо мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, баррасӣ кардаанд. Президенти Русия аз вазири маорифи кишвараш хостааст, барои бештар кардани таълими забони русӣ дар Тоҷикистон пешниҳодҳои худро ироа кунанд.

Русия то ин дам барои омӯзиши забони русӣ ба Тоҷикистон муаллимонро фиристодааст. Аз ҷумла, соли 2018 бо дархости Тоҷикистон ҳукумати Русия 55 муаллими забони русӣ, риёзӣ, кимиё ва биологияро фиристод. Қисме аз маоши онҳоро Тоҷикистон ва қисмеро Русия пардохт мекунад. Бисёриҳо мақомоти Тоҷикистонро барои чунин тасмим танқид карда буданд.

Владимир Путин рӯзи 13-уми май гуфт, "ҳукуматҳои маҳаллӣ барои омӯзиши забони русӣ ҳар чӣ дар тавон доранд, анҷом медиҳанд, вале бе кумаки мо беҳтар кардани вазъ номумкин аст".

Дар Тоҷикистон даҳҳо мактаби русӣ фаъолият мекунанд ва ин мактабҳо дар миёни аҳолӣ тарафдорони зиёд ҳам доранд. Бархеҳо мегӯянд, ба хотири идомаи таҳсил дар хориҷа беҳтар медонанд, ки фарзандонашон дар макотиби русӣ таҳсил кунанд. Аммо онҳое низ ҳастанд, ки беҳтар медонанд фарзандонашон дар мактабҳои тоҷикӣ хонанд.

Коргузорӣ дар тамоми идораҳои давлатӣ асосан бо забони тоҷикӣ сурат мегирад. Танҳо матни қонуну қарорҳои ҳукумат бо тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд. Вале бо гузашти сӣ сол аз истиқлоли Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравӣ мавқеи забони русӣ пойбарҷост ва солҳои охир ба мушоҳидаи нозирон нуфузи дубора касб мекунад.

Дар 5 моҳ беш аз 5600 қазоқтабор ба Қазоқистон баргаштааст

Бозгашти қазоқтаборон аз Туркманистон ба Қазоқистон. 13 май, 2021.

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон мегӯяд, аз аввали сол то 1 майи соли равон 5 685 қазоқтабор аз хориҷ ба ин кишвар баргашта, мақоми "кандас" (ҳамхун)-ро расман дарёфт кардааст.

Ба огаҳии вазорат, бештари ин қазоқтаборон зодагони Узбекистон, 10,7% зодаҳои Чин, 5,4% зодагони Туркманистон, 2,9% аз Муғулистон ва 4% аз кишварҳои дигар ҳастанд.

Кандасҳо асосан дар вилоятҳои Алмато, Туркистон, Мангистау, Ҷамбил ва шаҳри Чимкент ҷойгир карда шудаанд.

Аз соли 1991 наздики 1,7 миллион қазоқтабор ба Қазоқистон баргаштааст.

Дар Қазоқистон моҳи майи соли равон ба як қатор қонунҳои марбут ба муҳоҷират тағйирот ворид карданд. Бар асоси ин тағйирот, қазоқҳои баргашта баъди омадан ба Қазоқистон ба ҷои мақоми оралманӣ мақоми "кандас" (ҳамхун)-ро дарёфт мекунанд.

Қазоқтаборе, ки мақоми кандасро дарёфт кардааст, бо навиштани як ариза шаҳрванди Қазоқистон мешавад.

Барои қирғизистониҳо бимаи саломатӣ ҳангоми сафар ба хориҷ ҳатмӣ мешавад

Муҳоҷирони қирғиз дар яке аз фурудгоҳҳои Русия. Акс аз бойгонӣ.

Вакили порлумони Қирғизистон Экмат Байбакпаев лоиҳаи қонунеро ба баррасии ом пешниҳод кард, ки бимаи саломатии қирғизистониҳоро ҳангоми сафар ба хориҷ ҳатмӣ мегардонад.

"Шаҳрвандони Қирғизистон вазифадор ҳастанд, ки дар бораи бимаи саломатӣ қарордод дошта бошанд ва онро дар гузаргоҳҳои марзӣ нишон диҳанд. Ниҳодҳои дахлдори кишвар, ки масъули нигоҳубини марз ҳастанд, ҳақ доранд, онро аз шаҳрвандон талаб кунанд",-омадааст дар қонун.

Қирғизистониҳое, ки ин санадро надоранд, иҷозати сафар ба хориҷро дарёфт нахоҳанд кард.

Ба гуфтаи муаллифи лоиҳаи қонун, ҳадафи он сабуктар кардани сарборӣ ба буҷаи давлат аст. Ба огаҳии Хадамоти муҳоҷирати Қирғизистон, соли 2019 барои пардохти харҷи интиқоли ҷасади шаҳрвандони ин кишвар ба ватан 14,4 млн сом ҷудо шудааст.

Бино ба иттилои мақомоти қирғиз, ҳамасола ҷасади ҳудуди 300 шаҳрванди ин кишварро аз хориҷ ба ватан меоранд ва дар бештари маврид харҷи интиқоли ҷасадро давлат пардохт мекунад.

Дар Узбекистон сад зиндониро афв карданд

Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон, ба муносибати Иди Фитр сад зиндониро афв кардааст. Бар асоси гузориши расонаҳои давлатии Узбекистон, Мирзиёев ин фармонро рӯзи 12-уми имзо гузошт. Гуфта шудааст, ки дар миёни афвшудаҳо дувоздаҳ хориҷӣ низ ҳастанд. Бар асоси гузориш, шуморе аз зиндониён барои ҳамкорӣ бо гурӯҳҳое гунаҳкор шинохта шудаанд, ки фаъолияташон мамнуъ аст.

Аз Эрон хостанд, ки аз боздошту азияти хабарнигорони курд даст бардорад

Акс аз бойгонӣ

Кумитаи дифоъ аз журналистон, қароргоҳаш дар Ню-Йорк, аз Эрон хостааст, ки аз зиндонӣ кардан ва азияту озори журналистони курд даст кашад. Созмон рӯзи 12-уми май дар эъломияе гуфт, дар як соли охир камаш ҳашт журналисти курд дар Эрон дастгир шудаанд. Гурӯҳҳои мудофеи ҳуқуқи башар он чиро, ки саркӯби ақаллияти курд дар Эрон хонданд, танқид карданд.

"Нофаҳмӣ" дар марзи Қирғизистону Узбекистон боис ба занозанӣ шудааст

Марз. Бодканди Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ

Дар сарҳади Қирғизистону Узбекистон ҷанҷол шудааст. Дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Бодканд гуфт, "нофаҳмӣ" миёни сокинони деҳаи Сойи Қирғизистон ва Чашмаи Узбекистон (ноҳияи Сух) рӯзи 13-уми май сабаби ҷанг шуд, аммо феълан вазъ зери назорат аст.

Ҷониби Узбекистон ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надодааст.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ навишт, ки сокинони ду тараф дар марз ҷамъ шудаанд. Ба иттилои манбаъ, намояндагони мақомоти маҳалливу идораҳои ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар низ дар ҷойи ҳодиса ҳастанд ва қазияро таҳқиқ мекунанд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки дар марз бо Узбекистон як шаҳрванди Қирғизистон латукӯб шудааст ва тақрибан 30-40 нафар дар сарҳад ҷамъ омадаанд.

Моҳи майи соли гузашта низ миёни сокинони деҳаи Чашмаи Узбекистон ва деҳаи Чечмеи Қирғизистон занозанӣ шуда буд.

Қирғизистону Узбекистон 1378 километр сарҳад доранд. Пас аз гуфтушунидҳои соли 2017 гузориш дода шуд, ки 85 дарсади сарҳад таъину нишонагузорӣ шуда, 15 дарсади дигар мондааст.

Дар сӣ соли истиқлоли ду кишвар марзҳои номуайян борҳо сабаби ҷанҷол, аз ҷумла истифода аз силоҳҳои оташфишон, шудааст.

Дар охири моҳи марти имсол Қирғизистон ҳалли масъалаҳои марзиро бо Узбекистон "сад дарсад" ҳалшуда эълон кард.

Бино ба гуфтаи Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва роҳбари ҳайати ин кишвар дар мавриди таъину нишонагузории марз бо Узбекистон, ҳоло байни кишварҳо минтақаҳои баҳсӣ нестанд. Аммо баъзе аз сокинон бо нуктаҳои созиш розӣ набуданд ва гирдиҳамоӣ карданд.

Хаймаҳои занону кӯдакони тоҷик дар як урдугоҳи Сурия "сӯхтааст"

Хаймаҳои занони тоҷик дар урдугоҳи "Ал-Ҳавл", Сурия

Дар сӯхторе дар паноҳгоҳи "Ал-Ҳавл"-и Сурия беш аз панҷ хаймаи занону кӯдакони тоҷик сӯхтааст. Ҳодиса рӯзи 10-уми майи имсол рух додааст.

Мадина, як зани тоҷик дар паноҳгоҳи "Ал-Ҳавл", гуфт, ҳаво ҳанӯз сард аст ва баъди сӯхтор ҷойи дурусте барои хобидан надоранд. Ба қавли ӯ, дар ин хаймаҳо занҳое зиндагӣ мекунанд, ки аз ду то чаҳор кӯдак доранд.

"Сӯхторро худамон хомӯш кардем. Кӯдакони мо зиён надиданд, вале намояндагони миллатҳои дигар зарар диданд", -- гуфт ӯ.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Кувайт, ки дар пайи татбиқи барномаи баргардондани занону кӯдакони тоҷик аз Сурия ҳастанд, хабари сӯхторро тасдиқ карданд.

Дар паноҳгоҳи "Ал-Ҳавл"-и Сурия беш аз 400 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо ҳамсарону кӯдакони ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Далвати исломӣ" ё ДОИШ ҳастанд ва пас аз шикасти гуруҳ ба дасти нерӯҳои курд асир афтодаанд.

Паноҳгоҳи "Ал-Ҳавл" бо сармояи Созмони Милали Муттаҳид сохта шудааст ва занону кӯдакон то баргаштан ба ватан дар он ҷо нигаҳдорӣ мешаванд.

Занони тоҷик мегӯянд, бо гузашти чаҳор сол ва бо вуҷуди ваъдаҳои зиёд барномаи баргардондани онҳо амалӣ намешавад ва шароити зисти онҳо сахт аст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи апрели имсол дар суҳбат бо сокинони шаҳри Исфара гуфт, ки занону кӯдаконро аз Сурия бармегардонанд.

Соли 2014 дар қаламрави Сурия ва Ироқ хилофати худхондаи ДОИШ таъсис ёфт ва ба итттилои мақомоти тоҷик, барои пайвастан ба ин созмон беш аз ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ин кишварҳо рафтаанд.

Ба хориҷиён фурӯхтан ё ба иҷора додани замини кишоварзӣ дар Қазоқистон манъ шуд

Қосимҷомарт Тоқаев

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, тарҳи қонуни баҳсбарангез ва ҳассосеро имзо кард, ки ба иҷора додану фурӯхтани замини кишоварзиро ба хориҷиён дар ин давлати саршор аз нафти Осиёи Марказӣ манъ мекунад.

Бино ба қонуни нав, хориҷиёну шахсони бешаҳрвандӣ, ширкатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва гурӯҳҳои илмии берунӣ наметавонанд, заминҳои кишоварзиро дар Қазоқистон соҳиб шаванд ё ба кироя гиранд.

Тарҳи қонунро Тоқаев дар моҳи феврали имсол пешниҳод карда буд.

Мақомоти Қазоқистон соли 2016 Кодекси заминро ислоҳ карданд, ки ба хориҷиён имкон медод, заминҳои ин кишварро ба муҳлати 25 сол ба иҷора гиранд, вале сокинон ба зидди он эътироз карданд.

Он замон мақомот маҷбур шуданд, ки ба иҷрои қонуни нав мораторияи панҷсола эълон кунанд. Муҳлати моратория тобистони имсол ба поён мерасад.

Идомаи ҷанг байни Исроилу "Ҳамос". Байден ҳамлаҳои мушакиро маҳкум кард

Ғазза

Пас аз он ки дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил як фармондеҳи гуруҳи "Ҳамос" кушта ва бинои бисёртабақае дар Ғазза вайрон шуд, нерӯҳои "Ҳамос" субҳи 13-уми май ба тарафи Исроил даҳҳо мушак партофтанд.

Вазорати тандурустии минтақаи зери назорати "Ҳамос" рӯзи 13-уми май гуфт, дар ду рӯзи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил беш аз 70 фаластинӣ, аз ҷумла кӯдакон, кушта шудаанд.

Мақомоти тандурустии Исроил гуфтанд, дар ин ҳодисаҳо 7 шаҳрванди ин кишвар ҷон бохтанд.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, дар суҳбати телефонӣ бо нахуствазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу, аз Телавив пуштибонӣ карда, ҳамлаҳои мушакиро маҳкум намудааст. Кохи Сафед рӯзи 12-уми май гуфт, Байден ҳимояташро "аз амният ва ҳаққи қонунии Исроил барои дифоъ аз худ" баён дошт.

Нетаняҳу дар навбати худ гуфтааст, Исроил талошашро барои хароб кардани тавоноиҳои низомии "Ҳамос" ва созмонҳои дигари террористӣ дар Навори Ғазза идома медиҳад.

"Ҳамос" низ омодагии худро барои давом додани ҷанг баён кардааст. Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии созмон, гуфтааст, "муқовимат бо душман беохир хоҳад буд".

"Ҳаёту мамот"-и Тоҷикистон аз андоз қарздор шудааст. Вакилон сабукӣ доданд

Вакилони порлумони Тоҷикистон ба нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" сабукӣ дода, онро аз пардохти фоиз ё баҳраи қарзи андоз (молиёт) озод карданд.

Бар асоси моддаи 73-юми Кодекси андоз, дар сурати таъхир дар пардохти молиёт қарзи андозсупорандагон бо фоиз ё баҳра ситонда шавад. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, пешниҳод кард, ки ин муқаррарот нисбат ба нерӯгоҳи "Роғун" татбиқ нагардад.

Мақомот бо ин ки тасдиқ мекунанд, нерӯгоҳи “Роғун” аз андоз қарздор аст, вале миқдори онро ошкор намекунанд. Масъулони Вазорати молия ва Кумитаи андоз ба дархостҳои зиёди мо дар ин бора посухи дақиқ надоданд.

Шамсулло Хайруллозода, як масъули Вазорати молия, рӯзи 12-уми май гуфт, дар ҳди коронавирус муштариён пули нерӯи барқро саривақт напардохтанд ва дар натиҷа нерӯгоҳ ҳам аз ҳисоби барқи интиқолдодааш қарздор монд. Ин дар ҳолест, ки баъзе аз иқтисоддонҳо мегӯянд, сабукӣ ба як корхона, ин ҷабр ба андозсупорандаҳои дигар аст.

Нерӯгоҳи "Роғун", ки аз иншооти бузург ба ҳисоб меравад, дар назар аст, ба яке аз тавлидкунандаи асосии нерӯи барқ табдил ёбад. Баъди солҳо таъхир ҳоло ду чархаи нерӯгоҳи "Роғун" ба кор даромада, барқ истеҳсол мекунад.

Озод кардан ё сабукӣ додан ба ин ё он ширкат дар пардохти андоз қаблан низ интиқодҳои зиёдеро ба миён оварда буд. Бахусус додани сабукӣ ба ширкатҳое, ки гуфта мешавад ба наздикони раиси ҷумҳур тааллуқ доранд, аммо мақомот мегӯянд, бархурдашон бо ҳама андозсупорандагон яксону одилона аст.

Буҳрони нав: Пашинян Озарбойҷонро дар "ҳаракатҳои харобкорона" гумонбар кард

Марзи Арманистону Озарбойҷон

Вазорати мудофиаи Арманистон хабар дод, ки низомиёни Озарбойҷон талош кардаанд, дар марз бо ин кишвар "амалиёти харобкорона" анҷом диҳанд.

Ба иттилои мақомоти Арманистон, рӯзи 12-уми май озарбойҷониҳо аз ҳудуди кӯли Сев лич марзи Арманистонро гузашта, се километр дарунтари хоки Арманистон рафтаанд.

Расонаҳо аз даргириҳо дар минтақаи Ишханасараи Қаробоғи Куҳӣ хабар медиҳанд. Аммо ҷониби Озарбойҷон вуруд ба хоки Арманистонро рад мекунад. Низомиёни Озарбойҷон гуфтанд, ки ба муайянсозии хатти марз машғул ҳастанд.

Рӯзи 13-уми май Никол Пашинян, иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Арманистон, дар як ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвараш вазъи кӯли Сев личро баррасӣ кард.

Пашинян рӯйдодҳои ахирро ҳаракатҳои харобкорона номид.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG