Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари раисиҷумҳури Русия ба Украина


Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, бо сафари дурӯзае вориди Украина шуд, ки ҳадафаш беҳбуди равобит байни Маскав ва Киев аст. Қарор аст, ӯ бо раисиҷумҳури Украина, Виктор Янукович як қатор созишҳоеро дар бобати аломатгузории марзҳо ва ҳамкориҳои ҳастаӣ ба имзо хоҳад расонд. Моҳи гузашта онҳо аҳдномаи тамдиди ҳузури ҳарбии Русия дар Баҳри Сиёҳро дар ивази коҳиши нархи гази Русия барои Украина имзо карда буданд. Дар арафаи ин сафар сарвазири Русия, Владимир Путин пешниҳод кардааст, ки ширкатҳои давлатии гази ду кишвар муттаҳид шаванд.
XS
SM
MD
LG