Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бишкек санги ёдгорӣ гузошта шуд


Рӯзи 17-уми май дар майдони назди ситоди Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон, воқеъ дар Бишкек, ки ба номи «Медиафорум» ёд мешавад, маросими гузоштани санги ёдгорӣ ба хотираи қурбониёни ҳодисаҳои ҳафтуми апрел баргузор шуд. Дар он дар ҳудуди севуним ҳазор тарафдорони ҳукумати муваққатӣ ширкат кард.

«Хуни ноҳақ»

Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққатӣ, гуфт, рӯзи ҷумъаи гузашта тарафдорони президенти барканоршуда бори дигар хуни ноҳақ рехтанд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо мардуми осудаи Ҷалолободро ҳадафи тир қарор доданд ва ду нафар куштаву 60 нафар ҷароҳат бардоштанд. Раиси ҳукумати муваққати қирғиз иброз дошт, ки баъди як муддат дар ҷои санги ёдгорӣ муҷассамаи бузург қад боло хоҳад кард, ки хотираи шаҳидони 7-уми апрел ва 14-уми майро абадӣ мегардонад.

Бино ба суханони Роза Отунбоева, вай аз номи аъзои ҳукумати муваққатӣ ваъда медиҳад, ки ба хотири бароварда сохтани орзуву омоли мардуми кишвараш талош хоҳанд кард. Вай гуфт, Қирғизистон ҳатман ба кишвари демокративу пешрафта табдил хоҳад ёфт.

89 қурбонӣ, 89 ҳамдардӣ

Роза Отунбоева мегӯяд, 40 рӯз пеш ҳодисаҳои хунини 7-уми апрел маҳз аз назди бинои «Медиафорум» оғоз ёфт. Ба гуфтаи раиси ҳукумати муваққатӣ, гирдиҳамоиро Ҳизби сотсиал-демократ бо талабҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ роҳандозӣ карда буд, вале ҳукумати Боқиев алайҳи иштирокчиёни он нерӯҳои худро фиристод. Аммо намоишгарон чанд мил силоҳи онҳоро мусодира карданд ва ба Кохи сафед ҳамла оварданд, то ки низоми Боқиевро сарнагун созанд.

Раиси ҳукумати муваққатӣ гуфт, дар ҷараёни даргириҳои 7-уми апрел 85 нафар куштаву беш аз якуним ҳазор нафар захм бардоштанд. Ба гуфтаи ӯ, шумори ниҳоии қурбониёни даргириҳои Бишкек ва Ҷалолобод ахиран ба 89 нафар расид ва бори дигар ӯ ба пайвандони шаҳидон аз номи ҳукумати муваққатӣ ҳамдардӣ баён мекунад.

Ба таъкиди Роза Отунбоева, ҳукумати нав собит хоҳад кард, ки ин шумори одамон беҳуда қурбон нашуданд.

Гунаҳгорони кӯҳна, боздоштҳои нав

Вале дар пасманзари гиромидошти хотираи қурбониёни ҳодисаҳои Бишкеку Ҷалолобод, Кумитаи амнияти Қирғизистон як гурӯҳ раҳбарони идораҳои ҳукумати президенти собиқ Боқиевро дар таъсиси беназмиҳои 12 ва 13-уми май муттаҳам кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи амният, Усен Сиддиқов, мушовири президент, Исҳоқ Масалиев, раиси Ҳизби коммунистҳо ва беш аз чиҳил депутати собиқи парлумон аз Ҳизби «Ақ Жол» аҳд бастаанд, ки ҳукумати муваққатиро сарнагун месозанд.

Онҳо, бино бар гуфтаи мақомоти нав, бо истифода аз вазъи бесубот дар вилоятҳои Ҷалолободу Ӯш ва Ботканд тарафдорони худро барои ишғоли биноҳои ҳукуматӣ ва ба гарав гирифтани намояндагони ҳукумати муваққат Азимбек Бекназаров, Исмоил Исоқов ва Сооронбой Ҷиянбеков сафарбар кардаанд. Гуфта мешавад, аммо дар натиҷаи сари вақт пиёда кардани чораҳои амниятӣ Усенов ва Масалиев ба аҳдофи худ нарасиданд ва боздошту бозпурсӣ мешаванд.

Тибқи хабарҳо тарафдорони Масалиев дар шаҳри Бишкек, вилоятҳои Ӯш ва Ботканд даст ба тазоҳурот задаанд. Онҳо аз ҳукумати муваққатӣ талаб кардаанд, ки Масалиевро озод кунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ: Интиқом нагиред!

Дар ҳамин ҳол, ҳомиёни ҳуқуқи башари Қирғизистон аз мақомоти ҳукумати муваққатӣ даъват кардаанд, ки аз таъқиб ва табйизи мухолифонашон худдорӣ варзанд.

Ба гуфтаи Толекан Исмоилова, раиси созмони «Шаҳрвандон алайҳи ришватхорӣ», дар байни иштирокчиёни даргириҳои Ҷалолобод захмиёне ҳастанд, ки аз ҳароси таъқиби ҳукумати нав маҷбуран пинҳон шудаанд.

Мавсуф мегӯяд, ба ин далел наметавон шумори умумии захмиён ва кушташудагонро дақиқ кард. Ба таъкиди Толекан Исмоилова, дар вилояти Ҷалолобод ҳавлии амаки 90-солаи Қурмонбек Боқиевро оташ задаанд, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG