Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Папандреу дар бӯҳрон бонкҳои амрикоиро айбдор кард


Георгиос Папандреу, сарвазири Юнон, изҳор намуд, ки дар бӯҳрони молӣ дар кишвараш “бештар бонкҳои амрикоӣ айбдоранд”. Дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNN ӯ аз эҳтимоли ба додгоҳ кашидани ин қазия ҳарф зад ва аммо нагуфт, ки ҳукумати Юнон мушаххасан киро гунаҳкор мешуморад.
Чанде пеш парлумони Юнон тафтиши баъзе созишҳои бо кумаки бонки амрикоии Goldman Sachs ҳосилкардаи ҳукумати қаблиро шурӯъ намуд. Гуфта мешавад, ки ҳукумати қаблӣ чандин сол тавассути роҳу василаҳои гуногуни молиявӣ маблағи воқеъии қарзи кишварро пинҳон мекард.
XS
SM
MD
LG