Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли эълони қуюди шабгардӣ дар Бангкок


Мақомоти Таиланд гуфтаанд, агар хушунатҳо идома кунад, онҳо дар бахши умдае аз шаҳр қуюди шабгардӣ эълон хоҳанд кард.
Аммо сарвари эътирозҳои зиддидавлатӣ Ятупорн Промпан мегӯяд: "Мехоҳам сарвазирро ҳушдор диҳам, ки эълони қуюди шабгардӣ баъд аз куштани одамон ҳаргиз онҳоро аз роҳашон бонамегардонад."

Ҳарбиёни Таиланд, бино бар хабарҳо боз ду мӯътаризи сурхпӯшро ба қатл расондаанд. Даргирии ду тараф дар рӯзҳои гузашта 25 кушта ба ҷой гузошта буд. Сурхпӯшон истеъфои сарвазирро талаб мекунанд. Ду шабонарӯзи охир даргириҳо ба маркази Бангкок, пойтахти Таиланд, ба макони таҷаммӯи сурхпӯшон кӯчидаанд. Мақомоти Таиланд аз созмонҳои ғайридавлатӣ хостанд, бо мӯътаризон, махсусан занону кӯдакон гуфтушунид ва онҳоро ба тарки маҳалли даргириҳо даъват кунанд. Сухангӯи артиш, сарҳанг Сансерн Кивкамнерд гуфт:
"Мо ба полис, Салиби Сурх ва созмонҳои ғайридавлатӣ супурдем, ки ба маҳалли таҷаммӯи мӯътаризон ворид шаванд ва одамон, махсусан занону кӯдакон ва солмандонро ба тарки маҳал водор намоянд."
Садҳо кӯдакону занон ва пирон дар маҳалли даргириҳо, дар миёни оташи дутараф мондаанд ва ҳамзамон аз ҳамлаи сарбозони ҳукумат ба ин маҳал пешгирӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG