Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Агентҳо 3 узви гурӯҳи бамгузорро куштаанд


Александр Бортников-раиси Хадамоти Федеролии Амнияти Русия гуфт, агентҳои амниятӣ се нафарро, ки дар инфиҷорҳои 29-ӯми марти метрои Маскав даст доштаанд, куштаанд. Бортников гуфтааст, агентҳои амниятӣ онҳоро пайдо кардаанд. Пеш аз бамгузорӣ яке аз онҳо пешопеш мерафт ва ду зани бамгузорро раҳнамоӣ мекард. Яке дигар аз паси онҳо меомад ва нақши посбонро дошт. Ин се нафар ҳангоми амалиёти боздошт муқовемати мусаллаҳона нишон додаанд ва ҳадафи тир қарор гирифтаанд. Ҳуввияти ҳамаи онҳо ва бамгузорон маълум шудааст. Ду зани бамгузор шаҳрвандони Доғистон будаанд. Дар бамгузорӣ 40 нафар кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG