Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари вазири дифои Эрон ба Тоҷикистон


Бино бар хабарҳо дар дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири дифои Эрон Аҳмад Ваҳидӣ, ки бо сафари дурӯза вориди Душанбе шудааст, ҳамкориҳои низомӣ ва низомию фаннии байни ду кишвар баррасӣ шудаанд. Дар мулоқоташ бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев Ваҳидӣ гуфт, густариши ин ҳамкориҳо бар нафъи ҳарду кишвари ҳамзабонанд. Вазири дифои Эрон ҳамчунин бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ ва раисони ҳар ду палати порлумони Тоҷикистон – Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров мулоқот кард.
XS
SM
MD
LG