Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиомелит ҳамсояҳои Тоҷикистонро "тарсондааст"


Қазоқистону Узбакистон эълон кардаанд, тадобири ҷилавгирӣ аз буруз ва густариши бемории полиомелитро тақвият додаанд. Мақомоти тиббии Қазоқистон аз ҷумла назорати мардумеро, ки аз кишварҳои аз нигоҳи бурузи полиомелит осебпазир меоянд, шадидтар карда, амр додаанд, ки атфоли то 15-сола аз Тоҷикистон ва онҳоеро, ки ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигари манбаъи полиомелит сафар доранд, эм кунанд. Сардухтури беҳдоштии Узбакистон Бахтиёр Ниёзматов гуфтааст, ки дар ин кишвар аз соли 1996 ба ин сӯ ягон мавриди полимелит сабт нашудааст ва аммо дар пайи бурузи ин беморӣ дар кишварҳои минтақа онҳо аз 17 май ҳамроҳ бо Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва ЮНИСЕФ маъракаи саросарии эмкунии 3 миллион кӯдаки то 5-соларо шурӯъ мекунанд.
XS
SM
MD
LG