Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама имрӯз бо Карзай музокира хоҳад кард


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай имрӯз дар Кохи Сафед бо ҳамтои амрикоияш Барак Обама мулоқот мекунад. Ҳадаф аз сафари Карзай ба Вошингтон беҳбуди равобити Афғонистону Амрико гуфта шуда, дирӯз ӯ зимни боздидаш аз маркази тиббии Волтер Рид Армӣ аз сарбозони амрикоии дар Афғонистон ҷароҳатбардошта мулоқот кард. Карзай бо изҳори сипос ба ин сарбозон сафараш ба ин бемористонро ҳаяҷоновар унвон кард. Вузарои хориҷа ва дифоъи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ва Роберт Гейтс ҳарду дирӯз дар ҷараёни мулоқотҳо бо ҳайъати баландпояи Кобул тааҳҳуд супурданд, ки Амрико Афғонистонро танҳо нахоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG