Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони Покистон ба феҳристи сиёҳи Амрико мераванд


Вазорати корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, ҳукумати Амрико масъалаи ба феҳристи созмонҳои террористии ҷаҳон ворид кардани Толибони Покистонро барррасӣ мекунад. Филип Кровлӣ-сухангӯи вазорат гуфт, баррасии масъалаи Таҳрики Толибони Покистон баъд аз талоши нофарҷоми инфиҷори мошини бамгузоришуда дар майдони Таймс Сквери Нию Йорк суръат гирифтааст. Мақомоти расмии Амрико мегӯянд, Файсал Шаҳзод-шаҳрванди покистонитабори Амрико, ки талош дошт ин инфиҷорро анҷом диҳад, бо Толибони Покистон иртибот доштааст.
XS
SM
MD
LG