Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Геннадий Онишенко ба Тоҷикистон


Хабаргузории "Интерфакс"-и Русия навиштааст, агар Тоҷикистон барои бозгардонидани кӯдакони то 6-солаи Русия монеа эҷод кунад, дар он сурат Русия бар зидди Тоҷикистон даст ба тадобири шадид хоҳад зад. Ин нуктаро Геннадий Онишенко-раиси хадамоти беҳдоштии Русия ба матбуот изҳор доштааст. 8-ӯми май хадамоти беҳдоштии Русия ба вазорати тандурустии Тоҷикистон муроҷеа кардаанд ва хостаанд, ки барои бозгардонидани кӯдакони то 6-солаи шҳрванди Русия кӯмак кунад. Вале, ба навиштаи "Интерфакс", ҷониби Тоҷикистон ба таври якҷониба ин пешниҳодро рад кардааст. Русия мегӯяд, ки дар Тоҷикистон бемории полиомелит ё фалаҷи кӯдак густариш ёфтааст ва имкони сирояти он ба Русия вуҷуд дорад. Бино ба навиштаи матбуоти Русия, дар Тоҷикистон ҳудуди ҳазор кӯдаки Русия ба сар мебарад. Волидайни онҳо дар Тоҷикистон кор мекунанд. Онишенко гуфтааст, ҳоло дар Тоҷикистон 278 мавриди бемории полиомелит мушоҳида шудааст.
XS
SM
MD
LG