Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши метан мунҷар ба ҳалокати 12 ангишткан шуд


Ду таркиш дар як кони ангишт дар вилояти Кемеровои Русия 12 ангиштканро кушта ба ҷо гузошт. Бар асари инфиҷори гази метан 41 тани дигар захм бардоштаанд. Беш аз 60 ангишткан дар пайи таркиш дар зери овори кон монданд. Волии Кемерово Амон Тулеев гуфтааст, амалиёти наҷот ба иллати эҳтимоли таркиши такрорӣ ва ғафсии дуд бояд мутаваққиф шавад. Дар соати инфиҷор дар ин шахта ҳудуди 300 ангишткан машғули кор буданд.
XS
SM
MD
LG