Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви виза танҳо барои тоҷирон ва донишҷӯён


Ҳасан Қашқовӣ
Ҳасан Қашқовӣ

Муоовини вазири умури хориҷии Эрон гуфт, Тоҷикистон ва Эрон дар мавриди додани виза ба донишҷӯёну тоҷирони худ барои аз як то се сол ба тавофуқ расиданд.

Ҳасани Қашқовӣ, муовини вазири умури хориҷии Эрон зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе дар ин бора гуфт: «тибқи қонунҳои Тоҷикистон ба туҷоре, ки зери 500 ҳазор сармоягузорӣ кардаанд ба муддати як сол, ба онҳое, ки бештар аз ин сармоя гузоштаанд то се сол ва барои донишҷӯён визаи яксола дода хоҳад шуд».

Ин дар ҳолест, ки қаблан аз сафари ҳайати эронӣ ба Душанбе, бархе расонаҳо имкони лағви виза миёни ду кишварро бо пешниҳоди Эрон матраҳ карда буданд.

Аммо ҷаноби Қашқовӣ афзуд, ҳамчунин дархост аз сӯи Тоҷикистон дар бораи лағви виза ироа нашудааст.

Аммо чаро Тоҷикистон барои лағви виза алоқамандӣ нишон надод?

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ба шарти лағви виза на танҳо Тоҷикистон, балки ҷониби Эрон низ омода нест.

«Тоҷикистон дархости лағви визаро накардааст. Ва агар Тоҷикистон лағви виза бо Эронро бихоҳад, мо омодаем ин мавзӯъро ҳал кунем. Зеро ҳадафи мо лағви виза аст».

Музафар Олимов, мудири маркази таҳлилии «Шарқ» мегӯяд, лағв нашудани виза миёни Тоҷикистон бо Эрон ангезаи сиёсӣ дорад.

«Дар лағви виза мушкилиҳо вуҷуд дорад. Ба хусус, Эрон розӣ нест шароити одии вуруди хуруҷи занон бидуни шавҳар ва волион ва ё маҳрамро бипазирад. Ман мутмаъинам, на Тоҷикистон, балки Эрон барои анҷоми ин кор омода нест».

Аммо то кунун гуфт амешуд, ки бештар Тоҷикистон аст, ки ба делели ҳассосияти хос ва ба хусус имкони фаӣол шудани гурӯҳҳои мазҳабӣ намехоҳад низоми раводид бо Эронро лағв кунад. Вале акнун коршиносон мегӯянд изҳори назари муовини вазири хориҷии Эрон дар бораи он ки "Тоҷикистон дар ин марвид дархост" накардааст низ, далеле ба ин аст эҳтимолан Тоҷикистон барои ин кор омода нест.

"Лағви виза ба нафъи Тоҷикистон нест"

Абдуллои Раҳнамо, коршиноси дигари тоҷик ба ин бовар аст, ки лағви виза дар ҳоли ҳозир ба нафъи Тоҷикистон нест. Ба ин далел, ки лағви виза нуфузи бе ин ҳам билқувваи Эрон дар Тоҷикистонро афзун хоҳад кард.

Бо вуҷуде, ки мо бо Эрон ҳамзабонему фарҳанги мушарак дорем, аммо афкори мардуми мо аз ҳам тафовут дорад. Ва афзоиши нуфузи Эрон ба нафъи мо нест.

Оқои Раҳнамо мегҳяд: «Дар ҳалли ин масъала ангезаи сиёсӣ матраҳ аст, то он ки мазҳабӣ ва иҷтимоиву маданӣ. То ба ҳол ҳарду кишвар дар ин бора тасмими сиёсӣ нагирифтаанд, бо назардошти вазъи минттақа».

Аммо муовини вазири умури хориҷии Эрон аз тасмими ду кишвар барои ифтитоҳи консулгариҳои худ дар Хуҷанди Тоҷикистон ва Машҳади Эрон хабар дод.
XS
SM
MD
LG