Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду тоҷик ба дуздидани 10 миллион рубл айбдор шудаанд


Бино бар хабари раёсати умури дохилии шаҳри Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми рабудани 10 миллион рубли як соҳибкори Русия зиндонӣ шудаанд. Таърихи ин боздошт зикр нашудааст, вале гуфта мешавад, як тоҷири рус ҳангоми интиқоли ин сармоя аз тарафи онҳо боздошт ва латукӯб шуда, пулро ба яғмо бурдаанд. Ба ин пул онҳо гӯё як мошин харида, бақияро ба Тоҷикистон фиристодаанд. Ҳамзамон раёсати умури дохилии шаҳри Маскав мегӯяд, ҳарду шаҳрванди Тоҷикистон ду сол пеш дар ҷ устуҷӯи кор ба Русия омада, дар фурӯшгоҳи "Москва" кор мекардаанд.
XS
SM
MD
LG