Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раиси дастгоҳи президенти собиқи Қирғизистон


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, раиси собиқи дастгоҳи раёсатҷумҳурииин кишвар Оксана Малеванная бо иттиҳоми суистифода аз мансаби давлатӣ боздошт шудааст. Намояндаи додситонии кулли Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ба сурати умум зидди 20 шарики президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиев, ки дар мансабҳои баланди давлатӣ кор мекарданд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳукумати муваққати Қирғизистон, ки 7-уми апрел пас аз даргириҳои хунин ва ҳалокати зиёда аз 80 нафар дар ҷараёни онҳо ба қудрат расид, ҳамчунин дастури ҳабси худи Боқиевро низ имзо ва аз ҳукумати Беларус истирдоди ӯро талаб кардааст.
XS
SM
MD
LG