Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расми савганди президенти муваққати Нигерия


Гудлак Ҷонатан ба ҳайси президенти муваққати Нигерия савганд ёд кард. Расми савганди ӯ як рӯз пас аз даргузашти президенти Нигерия Умару Ярдуа бар асари бемории тӯлонӣ ба вуқӯъ пайваст. Ҷонатан дар давраи бемории Ярдуа иҷрокунандаи вазифаи президенти Нигерия буд. Нигерия сернуфустарин кишвари Африқост, ки захираҳои бузурги нафт дошта, гирифтори фасод ва нооромиҳост.
XS
SM
MD
LG