Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Аҳмадинажод барои азсаргирии музокироти ҳастаӣ


Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон “усулан” тавофуқ кардааст, то Бразилия барои эҳёи музокироти байналмилалӣ доир ба табодули сӯхти атомӣ бо Эрон саъй кунад. Дар ин бора хабаргузории нимарасмии Форс гузориш додааст. Ҳадаф аз ин созиш фурӯ нишондани нигарониҳои кишварҳои ғарбист, ки мегӯянд, Эрон пинҳонӣ аз чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ силоҳи атомӣ месозад. Бар асоси ин созиш Эрон бояд ураниуми ғализии ками худро дар хориҷ аз кишвар бо сӯхти атомии лозим барои реакторҳои таҳқиқотиаш иваз кунад. Аммо баъди он ки Эрон гуфт, табодули сӯхт бояд дар дохили кишвар сурат бигирад, ин созиш пазируфта нашуд ва Амрикову Русияву Фаронса аз бознигарии шароити он сар печиданд.
XS
SM
MD
LG