Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон масъулияти ҳамла ба Нимрӯзро ба дӯш гирифт


Гурӯҳе аз ифротгароёни саропо мусаллаҳ бо либоси пулис ба тан ба қароргоҳҳои ҳукуматӣ дар вилояти Нимрӯзи Афғонистон ҳамла карда, се афсари пулис, як узви шӯрои вилоятиро куштаанд. Дар ҷараёни даргирӣ чанд тан аз ин тундравонро низ ҳалок шудааст. Ба гуфтаи мақомот, ҳангоми нишасти маҷлиси вилоятӣ дар шаҳри Заранҷ маркази Нимрӯз нӯҳ нафар бомбгузори маргталаб саъй кардаанд, то вориди қароргоҳи ҳукумати вилоят шаванд. Маъмурони амниятӣ ин ҳодисаро пай бурда ва бо тирандозӣ чанде аз бомбгузоронро мунфаҷир кардаанд. Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтанд.
XS
SM
MD
LG