Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размоиши нерӯҳои дарёии Эрон дар Халиҷи Форс


Нерӯҳои дарёии Эрон бо ҳадафи намоиши нерӯи низомии худ, размоиши ҳаштрӯза дар обҳои Халиҷи Форс ва Халиҷи Уммон шурӯъ кардаанд. Ба гузориши бахши форсии Радиои Озодӣ, Ҳабибулло Саёрӣ, фармондеҳи нерӯҳои дарёии Эрон гуфтааст, размоиш ба хотири намоиши “қудрати” Эрон сурат мегирад. Вай афзудааст, тамринҳои низомӣ, тавоноии Эрон дар ҳимояти манофеъаш дар Халиҷи Уммон ва Уқёнуси Ҳиндро нишон хоҳад дод. Камтар аз як ҳафта пеш аз ин размоиши таҳти унвони “Вилоёт 89”, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар ҳамин минтақа размоиши дигаре баргузор карда буд.
XS
SM
MD
LG