Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як ифротгаро дар амалиёте дар Назран


Бар асари як амалиёти вижа дар шаҳри Назран яке аз раҳбарони ифротгароҳои ҷумҳурии Ингушистон Муҳаммад Гарданов кушта шуд. Ба иттилоъи дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ, Гарданов созмондиҳандаи чандин ҳамлаҳои террористӣ ва ҳамла ба кормандони милиса буд. Ӯ шоми рӯзи чаҳоршанбе дар як масҷиди шаҳр аз сӯи кормандони хадамоти вижа ва низомиён муҳосира шуд. Гарданов муқовимат кард ва дар ҷараёни тирпарронӣ ба ҳалокат расид. Дар ин ҳодиса ду зан – сокинони маҳаллӣ маҷрӯҳ шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд.
XS
SM
MD
LG