Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳзанҳо "Московский университет"-ро рабуданд


Киштии боркаши русии “Московский университет” имрӯз дар уқёнуси Ҳинд мавриди ҳамлаи роҳзанҳои дарёии Сомалӣ қарор гирифт. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, роҳзанҳо 22 узви дастаи киштиро, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Русияанд, гаравгон гирифтаанд. Гуфта мешавад, капитани киштӣ қабл аз ин ҳамла бо киштии низомии “Маршал Шапошников” дар тамос шуд, ки айни ҳол сӯи ҷойи ҳодиса шино мекунад.
XS
SM
MD
LG