Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхир дар эъломи ҳукми Аҷмал Қассоб


Қарор аст, рӯзи панҷшанбе додгоҳи Ҳинд ҳукми шаҳрванди Покистонро эълом кунад, ки ба ширкат дар ҳамлаҳои хунини шаҳри Мумбай дар соли 2008 гунаҳкор донистанд. Додрасҳои Ҳинд рӯзи душанбе, Муҳаммад Аҷмал Қассоби 22-соларо ба куштор ва муҳориба алайҳи Ҳинд гунаҳкор дониста ва замони эъломи ҳукмро ба таъхир гузоштанд. Аҷмал Қассоб аз ҷумлаи гурӯҳи афроди мусаллаҳе буд, ки моҳи соли 2008 дар шаҳри Мумбай 166 нафарро куштанд. Нӯҳ нафар аз афроди мусаллаҳ низ дар маҳалли даргирӣ кушта шуд.
XS
SM
MD
LG