Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқотҳои ёвари Обама дар Бишкек


Майкл Макфол, ёвари раисҷумҳури ИМА дар умури Русия ва Авруосиё, рӯзи 4-уми май бо сафари дурӯзаи корӣ вориди Бишкек шуд. Ин мақоми баландпояи амрикоӣ бо Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон, ноибони ӯ Алмосбек Атамбоев ва Омурбек Тикебоев дидору мулоқотҳо анҷом дод.

Майкл Макфол тайи як нишасти хабарӣ гуфт, президенти ИМА Барак Обама моҳи апрелро барои Қирғизистон моҳи фоҷиавӣ номид, аммо ба туфайли ҷасорат ва қаҳрамонии мардуми қирғиз имкон пайдо кард, ки демократияро дубора барқарор кунад.

Майкл Макфол гуфт, чанд ҳафта пеш бо Барак Обама вазъияти сиёсии Қирғизистонро баррасӣ карданд ва ба Бишкек омадани ӯ маҳз дар пояи ҳамин сӯҳбати онҳо имконпазир гардид. Бар асоси суханони оқои Макфол, вай хостааст, таҳаввулоти ахири Қирғизистонро бо чашмони худ бубинад. Ин дар ҳолест, ки гуфт Майкл Макфол, қаблан ҳам ба Қирғизистон сафар анҷом додааст.

Ба таъкиди ёвари президенти ИМА маъмурияти Барак Обама аз равобит бо Қирғизистон манфиатдор аст ва Обама ба ин равобит баҳои мусбат медиҳад. Майкл Макфол мегӯяд, вай рӯзи дуввуми сафараш ба Бишкекро ба мулоқотҳо бо ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар мебахшад.

Ба гуфтаи ёвари президенти ИМА, дар мулоқотҳои ӯ бо мақомоти ҳукумати муваққатӣ масъалаи маркази тронзитии мавод, ки дар қаламрави ин кишвар аст, баррасӣ нагардид. Вай гуфт, онҳо масъалаи расонидани кумакҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба Қирғизистонро дар меҳвари ин гуфтушунидҳо қарор доданд.

Як гурӯҳ сиёсатмадорон ва соҳибназарони қирғиз ИМА-ро то ҳаводиси 7-уми апрел, ки низоми президент Қурмонбек Боқиевро сарнагун сохт, дар бетарафӣ муттаҳам мекарданд ва иддао доштанд, ки Амрико ба хотири ҳузури нерӯҳои худ дар майдони ҳавоии Манаси Бишкек аз вазъи озодии баён ва таҳдид ба ҷомеаи шаҳрвандӣ сарфи назар кардааст. Ба гуфтаи Майкл Макфол, қаблан ҳам ИМА масъалаи таҳдид ба озодии баён ва зери фишор қарор гирифтани ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Қирғизистонро матраҳ кардааст. Вай гуфт, дар гузориши солонаи департаменти давлатии ИМА перомуни ҳуқуқи башар маҳз масъалаи нақзи ҳуқуқи башар дар Қирғизистон интиқод шудааст.

Ба таъкиди ёвари президенти Амрико, кишвараш ба Қирғизистон борҳо кумакҳои молӣ кардааст ва дар ҳамин ҳол тасмим гирифта шуд, ки рӯзи 5-уми май ба хазинаи ҳукумати муваққатии Қирғизистон барои иҷораи майдони ҳавоии Манас 15 миллион доллар таслим шавад. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки мақомоти ИМ то ҳаводиси 7-уми апрел борҳо бо намояндагони оппозисиюни қирғиз мулоқотҳо доир кардааст ва Амрико сиёсати худро дар қиболи Қирғизистон ҳамеша яксон пеш мебарад.

Майкл Макфол гуфт, ҳузури нерӯҳои эътилофи зидди террор дар майдони ҳавоии Манас ба хотири таъмини амнияту субот дар Афғонистон ва саросари минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳатто Русия сурат мегирад.

Як гурӯҳ сиёсатмадорони қирғиз ба ҷамъоварии имзо барои хуруҷи нерӯҳои эътилофи зидди террор аз майдони ҳавоии Манас машғуланд. Ба гуфтаи Майкл Макфол, агар ин хоҳиши ҷонибдорони хуруҷи нерӯҳои эътилофи зидди террор дар доираи қонунгузориҳои Қирғизистон сурат гирад ва агар он аз тариқи овоздиҳӣ дар парлумон ба вуқӯъ пайвандад, агар аз роҳҳои демократӣ аксари мардуми қирғиз онро пуштибонӣ кунад, Амрико омода аст, ки ба ин тасмими мардуми қирғиз эҳтиром гузорад ва нерӯҳои худро аз Қирғизистон берун кашад.
XS
SM
MD
LG