Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон барномаи кӯмак ба Юнонро тасвиб кард


Ҳукумати Олмон, барномаи ихтисоси кӯмаки молӣ барои Юнон дар ҳаҷми тақрибан 30 миллиард евроро тасвиб кард, ки аксарияти мардуми кишвар мухолифи он барномаанд. Вале ҳукумати Ангела Меркел, садри аъзами Олмон умедвор аст, порлумони кишвар рӯзи ҷумъа ин барномаро тасвиб хоҳад кард. Понздаҳ кишвари соҳиби евро дар Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул, барои ихтисоси 110 миллиард евро кӯмакӣ молӣ ба Юнон мувофиқат карданд ва саҳми Олмон дар ин барнома аз ҳама бештар аст. Иттиҳодияи Аврупо аз тарси он ки бӯҳрони қарзии Юнон ба кишварҳои заъифи дигари иттиҳодияи арзии евро сироят карда ва қурби евроро заъиф накунад, барои чунин кӯмаки бесобиқаи молӣ ба Юнон ризоият дод. Дар ивази кӯмак, Юнон бояд хароҷоти давлатиро то се соли оянда башиддат кам кунад.
XS
SM
MD
LG