Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Утоқи Тоҷикистон дақиқае 60 кас боздид мекунад


Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Чин ба матбуот хабар додааст, ки дар ҳар дақиқа аз павилион ё утоқи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмиллалии ЭКСПО-2010 дар Шонгҳой то 60 нафар боздид мекунанд. Ин намоишгоҳ зери шиори "Шаҳри хуб-зиндагии хуб" баргузор мешавад. Дар пештоқи утоқи Тоҷикистон шиори зайл овезон шудааст: "Эҳёи шаҳрсозӣ-зиндагии хуб". Ба ин намоишгоҳ тақрибан ду сол омодагӣ дидаанд. Дар чаҳорчӯбаи намоишгоҳи байналмиллалӣ 22-юми сентябр "Рӯзи миллиии Тоҷикистон" баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG