Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия санадҳои махфии Катинро нашр кард


Мақомоти бойгонии давлатии Русия мегӯянд, бо амри раиси ҷумҳур Дмитрий Медведев, санадҳои сиррии қатли афсарони лаҳистонӣ дар ҷангалзори Катинро нашр кардааст. Андрей Артизов, мудири “Росархив” гуфт, санадҳои аслӣ таҳти унвони “Парвандаи махсуси шумораи 1» доир ба қатли лаҳистониҳо дар соли 1940 дар вебсайти Росархив” нашр шудааст. Маъмурони НКВД, соли 1940 баъди як соли таҷовузи шӯравии собиқ ба Лаҳистон, бо дастури Иосиф Сталин 22 ҳазор афсар ва зиёиёни лаҳистониро дар ҷангалзори Катин дар вилояти Смоленск куштанд.
XS
SM
MD
LG