Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се сокини Қундуз бар асари мушакборон


Дар шимоли Афғонистон бар асари ҳамлаҳои мушакии мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” ба ду деҳкада се нафар, аз ҷумла, ду кӯдак, ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи расмӣ ҳамла ба манозили зисти деҳаҳои Наҳри Суфӣ ва Замоншаҳри волусволии Дашти арчии вилояти Қундуз рӯзи душанбе сурат гирифта буд. Вазорати умури дохилии Афғонистон ҳамчунин хабар дод , ки имрӯз мухолифин ба як бинои ҳукуматӣ дар шаҳри Кобул мушак андохтанд. Дар бораи осебдидагон дар ин ҳодиса иттилоъе мавҷуд нест. Ба бино хисороти ночиз ворид шудааст ва аз ҷумла шишаҳои тирезаҳо шикаста фурӯ рехтанд.
XS
SM
MD
LG