Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии ду гаравгони чиноӣ аз банди толибон


Мақомоти Чин дар бораи раҳоии ду шаҳрванди кишвар, ки се моҳ пеш дар Афғонистон рабуда шуда буданд, хабар доданд. Ба иттилоъи вазорати умури хориҷии Чин, вазъи сиҳати гаравгонҳои собиқ хуб аст. Ду мутахассиси чиноӣ, ки дар бунёди шоҳроҳ дар вилояти Фарёб кор мекарданд, рӯзи 16 январи соли равон аз сӯи афроди мусаллаҳ рабуда шуда буданд. Масъулияти одамрабоиро мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” бар дӯш гирифтанд.
XS
SM
MD
LG