Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди тунди Медведев аз амалкардҳои Эрон


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба гунаи шадиде ба танқиди шеваи бархӯрди Эрон бо бӯҳрони ҳастаии ин кишвар пардохт. Медведев дар мусоҳиба бо телевизиони Дания бори дигар такрор кард, ки дар сурати самар наовардани роҳҳои дигар, Маскав метавонад аз пешниҳоди эъмоли таҳримоти нави Шӯрои Амнияти СММ алайҳи Эрон пуштибонӣ кунад.
Медведев қаблан батакрор мегуфт, ки Русия ба унвони узви доимӣ ва соҳиби ҳаққи вето дар Шӯрои Амният эъмоли таҳримоти нав бар зидди Теҳронро сарфи назар намекунад, вале ин таҳримот набояд ба мардуми оддӣ асобат кунад. Амрико ва қудратҳои ғарбӣ Эронро айбдор мекунанд, ки дар пайи сохтани силоҳҳои ҳастаист. Русия аз ин иттиҳом ҳимоят намекунад, вале мегӯяд, Эрон бояд ҳусни эътимоди ҷомиаи байналмилалиро ба даст биорад.
XS
SM
MD
LG