Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти боз 2 сокини Исфара дар Русия


Имсол дар Русия боз ду сокини ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт шудаанд. Раҳбари идораи умури дохилаи вилоят Рауф Юсуфов гуфтааст, ки феълан масъалаи истирдоди онҳо ба Тоҷикистон дар дасти баррасӣ қарор дорад.
Оқои Юсуфов афзуд, имсол алайҳи боз 4 сокини Суғд бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҲИУ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 61 нафари дигар бо гумони иртибот бо ҷараёни манъшудаи мазҳабии салафия таҳти назорат гирифта шудаанд.
XS
SM
MD
LG