Пайвандҳои дастрасӣ

Рубобнавозони тоҷик шоҳиди фоҷеаи Чернобил


Асари фоҷеаи 24 соли пеши нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил дар Украина дар саросари Шӯравии пешин ҳанӯз ҳам ба ҷост. Дастаи ҳунарии рубобнавозони тоҷикро низ тақдир дар сафи касоне қарор дод, ки зиёни ҳастаии Чернобилро дар худ озмоиш карданд. Чаро?

Албатта шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон, хоса афсарону сарбозон дар рафъи ҳаводисаи Чернобил иштирок карда ва ба ин тартиб шоҳиди ҳодиса шуданд. Онҳо ба амри вататан, ки он замон Иттиҳоди шуравӣ буд, хидмати сарбозии худро иҷро намуданд. Аммо ҳунармандони тоҷикро чӣ қисмате ба Чернобил бурд.

Ҳаётой Мӯъминова, ҳунарманди шинохтаи тоҷик аз шоҳидони бевоситаи фоҷаи Чернобил аст. Ӯ дар ҳайати гурӯҳи ҳунарпешаҳои тоҷик рӯзи 26 апрел дар шаҳри Лутски Украина, дар наздикиҳои истгоҳи Чернобил қарор дошт.

Хонум Ҳаётой баъди 24 соли фоҷеаи Чернобил хотираҳои худ аз он рӯзи барои Шӯравии собиқ даҳшатборро дар сӯҳбате бо Радиои Озодӣ ба ёд меорад:





Чернобил, маҳалли мудҳиштарин фоҷеаи ҳастаии ҷаҳонӣ акнун ба макони зиёрат аз фоҷеа табдил шудааст.

Бо пардохти пули андак ва ночизе саёҳони ҳангоматалаб бо ҳамроҳии як роҳбалад, дастгоҳи ташхиси мизони радиатсияро бо худ гирифта, ҳаёти худро ба хатар мегузоранд ва аз шаҳри Припяти Украина дидан мекунанд.

Ин шаҳр, ки замоне 50 000 сокин дошт, акнун аз хонаҳои бузург ва майдонҳои бозии холимонда иборат аст.

Бо пахш намудани ин пайваст шумо низ метавонед аз ин шаҳри холӣ ва бекас дидан кунед. Чернобил баъди 24 сол.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG