Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Качински мехоҳад президенти Лаҳистон шавад


Хабаргузории давлати Лаҳистон гуфт, дар интихоботи президентии ин кишвар, ки пас аз марги муфоҷои раисиҷумҳур Лёх Качински баргузор мешавад, бародари ҳамзоди президенти пешин, Ярослав Качински аз тарафи Ҳизби қонун ва адолат ширкат хоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир танҳо як номзад расман эълон шудааст, ки иҷрокунандаи феълии вазифаҳои президент, намояндаи эътилофи марказгарои Платформаи шаҳрвандӣ Бронислав Комаровски мебошад.
XS
SM
MD
LG