Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Одами барфӣ" дар Маскав намоиш дода шуд


Ахиран дар кинотеатри “Иллюзион”-и шаҳри Маскав филми “Одами барфӣ”-и коргардони тоҷик Юнус Юсуфов ба маърази тамошо гузошта шуд. Ин филм фаровардаи соли ҷорӣ ва маҳсули муштараки телевизиони “Сафина” ва Сандуқи давлатии филмҳои Русия мебошад.
Ин сандуқ бузургтарин хазинаи филмҳои сохти замони шӯравист, вале акнун худ низ ба филмофарӣ рӯ овардааст.
Филми “Одами барфӣ” бар пояи намоишномаи “Кӯҳистонӣ”-и ҳунарпеша ва драмнависи маъруфи тоҷик Нуруллоҳи Абдуллоҳ рӯи навор омадааст.
XS
SM
MD
LG