Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯсавӣ вазъи Эронро бӯҳронӣ унвон мекунад


Раҳбари мухолифини Эрон Мирҳусейни Мӯсавӣ гуфтааст, Ҷумҳурии Исломӣ ба вартаи бӯҳрон фурӯ меравад ва танҳо тағйири дидгоҳи роҳбаронаш метавонад ин низомро ҳифз кунад. Мӯсавӣ тавассути сомонаи интернетиаш – “Калима” дар посух ба бастани ду гурӯҳи бузурги ислоҳталабон дар таърихи 19 апрел ҳушдор дод, ки фикр накунед, ки наҳзати ислоҳталабӣ дигар вуҷуд надорад. Ӯ ҳамчунин аз мақомот интиқод кард, ки Исломро бо ҳадафи саркӯбии мухолифин сӯъиистифода мекунанд. Мӯсавӣ дар интихоботи ахири раёсатҷумҳурӣ бо Маҳмуди Аҳмадинажод вориди мубориза шуд. Тарафдорони ӯ мегӯянд, пирӯзии Аҳмадинажод дар интихоботи моҳи июни соли гузашта танҳо дар натиҷаи тақаллуб муяссар шудааст.
XS
SM
MD
LG