Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама барои Амрико низоми нави молӣ ҷорӣ мекунад


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама хостори ҷорӣ кардани қоидаҳои нав барои низоми молии ИМА шуд. Дар суханроние дар Ню Йорк вай гуфт, ниҳодҳои молии кишвараш бояд аз ин тарҳ ҳимоят кунанд, зеро он ба нафъи ҳамаи ҷонибҳост.

Вай ҳушдор дод, ки бо вуҷуди бурунрафт аз бӯҳрони сартосарӣ эҳтимоли такрори он боқӣ мемонад, агар қоидаҳои наве саноати молиявиро ба низом наорад.

Тарҳи фарогири раисиҷумҳури Амрико ислоҳоти қатъиро дар назар дорад, ки ҳадафаш пешгирӣ аз такрори бӯҳрони молӣ дар оянда аст. Лоиҳаи онро Конгресси кишвар мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Барак Обама зимни суханрониаш дар Ню Йорк дар сар задани бӯҳрони молӣ ниҳодҳои бузурги молии кишвараш, азҷумла ширкати маъруфи "Волстрит"-ро айбдор кард. Вай аз раҳбарони муассисаҳои молии Амрико даъват кард, ки ислоҳот дар бахши бонкиро дастгирӣ кунанд.

Вале намояндагони ниҳодҳои молии Амрико дар мавриди тарҳи ислоҳоти Обама назари мухталиф доранд. Оишаи 34-сола, ки дар бахши ҳисобдории ширкати бузурги “Волстрит” кор мекунад, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ҳангоми ислоҳоти бахши молӣ ҳукумат бояд аз эҳтиёт кор бигирад ва дахолати ҳукумат ба кори ниҳодҳои молӣ набояд зиёд бошад.

Раҷиви 28-сола, корманди дигари ширкати “Волстрит” гуфт, идораи ҳукумат бояд тақвият дода шавад ва аз ин роҳ аз сӯйистифодаи ширкатҳои зираки молӣ аз ҳисоби молиётпардозон мешавад пешгирӣ кард.

Обама таъкид кард, ба бозори озод бовар дорад, аммо бозори озод бояд имкон фароҳам орад, ки на танҳо ширкатҳои бузург, балки тамоми мардум аз манфиатҳои иқтисоди қавӣ ва пойдор бархурдор бошанд.

Иқтисоди Амрико аз фаъолияти ширкатҳои бузург, аз қабили “Волстрит” вобастааст. Дар остонаи суханронии Барак Обама рӯзномаи “Ню Йорк таймс" бо ҳарфҳои бузург навиштааст, ки “Мӯҳтарам президент, мурғеро, ки тухми тилоӣ мезояд, накушед”.

Ин рӯзнома аз Обама даъват мекунад, ки бисёр бо эҳтиёт қоидаҳои навро ҷорӣ кунад, чунки идораи сангин метавонад бозори саҳомии “Волстрит”-ро буғӣ кунад.

Вале Обама дар суханрониаш гуфт, ки барои баднафсии “Волстрит” мардуми Амрико нархи баланд пардохтааст ва ҳоло низоме лозим аст, ки ҳангоми фурӯпошии чунин ширкатҳои молӣ зарари мардум ва ширкатҳои бегуноҳ бояд ҷуброн шавад.

Ба ақидаи вай, агар ҳатто ширкатҳои бузургтарини молӣ зери хатари варшикастагӣ қарор бигиранд, онҳоро набояд аз пули молиётпардозон наҷот диҳанд.

Обама дар мавриди кӯшиши баъзе ширкатҳои бузург барои овардани фишор ба баррасии ислоҳот дар Конгрес изҳори нороҳатӣ кард. Вай аз намояндагони ҳарду ҳизби парлумон даъват кард, барои тасвиби қонун муттаҳид шаванд.
XS
SM
MD
LG