Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи Туркияву Арманистон ба таълиқ даромад


Имрӯз Серж Саркисян-раиси ҷумҳури Арманистон таъйид кард, ки Ереван тасвиби созишномаро дар бораи оддӣ сохтани муносибот бо Туркия ба ҳолати таълиқ даровардааст. Баъд аз даҳҳо сол хусумат Арманистону Туркия моҳи октябр созишномае ба имзо расонданд, ки тибқи он бояд ин ду кишвар муносиботи дипломатӣ барқарор ва марзҳояшонро бар рӯи якдигар боз кунанд. Аммо тасвиби ин созишнома дар порламонҳои ҳар ду кишвар ба сабаби мунозираҳо пиромуни қатли оми арманиҳо дар солҳои ҳукмронии туркҳои усмонӣ ба таъхир афтод. Арманиҳо пофишорӣ мекунанд, ки ин куштор чун миллаткушӣ ё қатли оми арманиҳо шинохта шавад, вале туркҳо ин иддаоро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG