Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғазаби раис ба муҳоҷирони корӣ дар Маскав


Бино ба хабари матбуоти Русия, раиси як ширкати сохтмонии ин кишвар, ки дар шаҳри Маскав бо таъмири бинои чопхонаи "Известия" машғул аст, бо коргарони худ моҷаро кард ва аз тапончаи травматикӣ ба сӯи онҳо тир холӣ кард. Дар натиҷаи чунин рафтори бераҳмонаи раиси ширкат, ду коргари вай шаҳрвандони ҷумҳурии Қирғизистон бо ҷароҳат аз тири тапонча ба бемористон интиқол дода шуданд. Раиси ширкат баъд аз ин ҳодиса боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG