Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони хориҷаи НАТО дар Таллин мулоқот мекунанд


Имрӯз вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви паймони НАТО барои музокироти дурӯза дар Таллин-пойтахти Эстония гирдиҳам меоянд. Вазирон аҳдномаи нави коҳиши аслиҳаи стротегии ҳастаии Амрикову Русия ва таъсири он дар муносиботи НАТО бо Маскавро баррасӣ мекунанд. Интизор меравад, ки вазирон ҳамчунин 200 адад аслиҳаи "тактикӣ"-и мустақар дар Амрико ва 5 кишвари дигари узви ин паймонро ба баррасӣ бигиранд. Баъзе аз кишварҳои узви НАТО, аз ҷумла Олмон, даъват кардаанд, ки сарнавишти ояндаи онҳо дар Аврупо баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG