Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти тарафдорони Боқиев дар ҷануби Қирғизистон


Мақомоти муваққати Қирғизистон мегӯянд, теъдоде аз ҳампаймонони президенти барканоршудаи ин кишвар Қурмонбек Боқиевро дар ҷануби кишвар боздошт кардаанд. Ба иттилои хабаргузории Ройтерз, Файзулло Раҳмонов, волии худэълони вилояти Ҷалолобод низ дар байни боздоштшудаҳост. Ҳукумати муваққати Қирғизистон мегӯяд, вилояти Ҷалолободро, ки қалъаи Боқиев ба шумор мерафт, таҳти назорат дорад.
XS
SM
MD
LG