Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди кишварҳои Саҳара алайҳи "Ал-Қоида"


Чаҳор кишвари минтақаи Саҳараи Африқо барои таъсиси ситоди ягонаи мубориза бо шабакаи “Ал-Қоида” ба созиш расиданд. Ситоди нав талошҳои низомиён ва хадамоти вижаи Алҷазоир, Малӣ, Мавритания ва Нигерро ҳамоҳанг хоҳад кард. Дар ин кишварҳо ошӯбгарони “Ал-Қоида” фаъоланд ва бар асари ҳамоҳанг набудани фаъолияти низомиёни минтақа, онҳо аз таъқиб дар як кишвар дар қаламрави кишвари дигар панаҳ мебаранд. Соли гузашта онҳо гаравгонҳои британиявӣ ва амрикоиро эъдом карда буданд. Айни ҳол ду шаҳрванди Испания дар банди ошубгарони созмони “Ал-Қоида дар Мағриби исломи”-янд.
XS
SM
MD
LG