Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо ба Қирғизистон кӯмак карданист


Раиси умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, агар ҳукумати муваққатии Қирғизистон роҳи густариши демократияро интихоб кунад, ин иттиҳод омодааст, ба он кӯмаки сиёсӣ ва молӣ бирасонад. Кэтрин Эштон ба аъзои порлумони Аврупо дар Страсбург гуфт

“Ҳукумати муваққатӣ бояд тарҳи рӯшанеро ироъа кунад ки чӣ тавр кишварро ба низоми конститутсионӣ, демократӣ ва ҳокимияти қонун бармегардонад.”

Хонуми Эштон афзуд Иттиҳоди Аврупо мехоҳад ки ба ин раванд намояндагони тамоми аҳзоб ва ҷомеаҳои миллии кишвар шомил буда, дар таҳияи тарҳи нави қонуни асосии Қирғизистон ширкат варзанд.
XS
SM
MD
LG